Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори "бадзабон"-и узбек бо захмҳои шадид ба бемористон афтод


 Абдурашид Мамиров
Абдурашид Мамиров

Раиси ноҳияи Бози вилояти Андиҷони Узбекистон Абдурашид Мамиров, ки бо бадзабонӣ ва латтукӯби зертобеонаш "маъруф" аст, шаби 21 июн бо захмҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Сари раиси ноҳияро ҷарроҳӣ кардаанд ва вазъаш феълан вазнин аст. Гуфта мешавад, Мамиров дар натиҷаи латтукӯб захмӣ шудааст. Як манбаъ дар маъмурияти ноҳия бистарӣ шудани Мамиров тасдиқ кард.

"22 июн сари раиси ноҳияро ҷарроҳӣ карданд. Устухони косахонаи сараш аз чанд ҷой шикаста буд. Ҳоло ба ҳуш омадааст, вале вазъаш вазнин аст", - гуфт як масъули Идораи тандурустии вилояти Андиҷон.

Як кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Андиҷон низ бистарӣ шудани Абдурашид Мамировро тасдиқ кард. Вале гуфт, ӯ латтукӯб нашудааст. "Мамиров дар натиҷаи аз баландӣ афтидан маҷруҳ шудааст ва ҳоло дар беморхона мебошад. Роҷеъ ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст", - афзуд ӯ.

Бархе аз мансабдорони маҳаллӣ мегӯянд, Мамиров баъд аз ҷаласа, дар роҳ ба сӯи хонааш захмӣ шудааст. Вале бархеи дигар гуфтанд, ки раиси ноҳияи Боз аз панҷараи манзили зисташ, аз ошёнаи дувум ба замин афтида, захм бардоштааст.

Мамиров моҳи феврали соли 2017 раиси ноҳияи Боз таъйин шуд. То ин дам ӯ мудири шуъбаи маорифи вилояти Андиҷон буд.

XS
SM
MD
LG