Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чимкент соли 2020 пойтахти фарҳангии ИДМ мешавад


Парчами Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд
Парчами Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд

Шаҳри Чимкенти Қазоқистон соли 2020 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) эълон мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии ИДМ иттилоъ дод.

"Дар шаҳри Сочӣ 11 октябри соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои ИДМ дар робита ба иҷрои барномаи байнидавлатии "Пойтахти фарҳангии Иттиҳод" қарор қабул карда шуд, ки соли 2018 шаҳри Гориси Арманистон, соли 2019 шаҳри Брести Белорус ва соли 2020 шаҳри Чимкенти Қазоқистон пойтахти фарҳангии ИДМ эълом карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 июн фармонеро бо унвони "Баъзе аз масъалаҳои сохтори маъмуриву ҳудудии ҷумҳурии Қазоқистон" имзо кард. Бар пояи он, номи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ба Туркистон ва шаҳри Туркистон маркази ин вилоят иваз шуд. Ҳамзамон Чимкент мақоми ҷумҳуриявиро гирифт.

XS
SM
MD
LG