Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Туркияро 519 000 нозири мухолиф назорат мекунанд


Ҳизбҳои сиёсии мухолиф ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Туркия мегӯянд, тасмим доранд, 24 июн, рӯзи интихоботи порлумонӣ ва президентӣ ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар саросари ин кишвар садҳо ҳазор нозир ва ихтиёрӣ фиристанд.

Намояндагони аҳзоб ва созмонҳои ғайридавлатии Туркия 21 июн гуфтанд, ки дар 180 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ 519 ҳазор ихтиёрӣ ва нозири онҳо ҳузур хоҳанд дошт.

Мухолифони Туркия талош доранд, дар интихобот бар президент Раҷаб Эрдуғон, ки 16 сол аст, қудратро дар даст дорад, пирӯз шаванд. Онҳо нигаронанд, ки интихоботи навбатии Туркия одилона баргузор хоҳад шуд ё не.

Эрдуғон моҳи апрел дар кишвараш интихоботи зудраси президентӣ ва порлумонӣ эълом кард. Интихоботҳо мебоист соли 2019 баргузор мешуданд.

Туркия аз низоми порлумонӣ ба президентӣ гузаштанист, ки дар он раисҷумҳур салоҳиятҳои бештар дорад. Тағйиру иловаҳое, ки дар ин бобат ба қонунгузорӣ ворид гардид, баъд аз интихобот ба иҷро медароянд. Эрдуғон бо эълони интихоботи зуд ба пирӯзии худ бовар дорад. Вале назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки президенти нави Туркия дар даври дувум интихоб хоҳад гашт.

Анқара дасти кам ба ду вакили аврупоӣ иҷозат надод, ки барои назорати интихобот вориди Туркия шаванд.

XS
SM
MD
LG