Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди вакили қирғиз: рамзи Манас дар парчам тасвир шавад


Алмосбек Баатирбеков, як вакили порлумони Қирғизистон рӯзи 21 июн пешниҳод кард, ки рамзи Манас - қаҳрамони ҳамосаии қирғиз - дар парчами ин кишвар тасвир шавад, то боло ва поини он муайян гардад.

"Парчамро бештари вақт чаппа овезон мекунанд. Чанде пеш ман як мусобиқаро тамошо кардам, ки варзишгари мо соҳиби ҷоиза шуд. Вале вай парчамро сарчаппа дар даст гирифта буд. Ман ин пешниҳодро ба раиси ҳукумат ҳам фиристодам, ки бояд дар парчам рамзе ворид шавад, то мо болову поёни онро фарқ карда тавонем. Мешавад, рамзи Манасро ворид кард, аммо инро бояд мардум ҳал кунанд", - шарҳ дод вакил.

Парчами давлатии Қирғизистон 3 марти соли 1992 қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG