Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Мамука Бахтадзе дар мақоми нахуствазири Гурҷистон тасдиқ шуд


Парлумони Гурҷистон номзадии иҷрокунандаи вазифаи вазири молия Мамука Бахтадзеро ба мақоми нахуствазири нави ин кишвар тасдиқ кард. Дар овоздиҳии рӯзи 20 июн 99 вакил ҷонибдор ва 6 вакил мухолифи тасдиқи номзадии Бахтадзе овоз доданд.

Инчунин дар овоздиҳӣ вакилони парлумон бо ҳайати ҳукумати муваққатии нав розӣ шуданд, ки қарор аст дар се ҳафтаи дигар сари кор ояд ва аз паи ислоҳот шавад. Собиқ соҳибкори 36-сола пеш аз овоздиҳӣ ба вакилони маҷлис гуфт, ки Гурҷистон талошашро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО идома хоҳад дод.

Бахтадзе узвияти кишвараш дар паймони низомии НАТО-ро “як вазифаи муҳим барои сиёсати хориҷии Гурҷистон ва ҳам амнияту рушди босуботи кишвар” хонд.

XS
SM
MD
LG