Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси Telegram-ро дар Қазоқистон қадрдонӣ карданд


Иттиҳоди журналистони Қазоқисон муассиси паёмрасони Telegram-ро бо ҷоиза қадрдонӣ кард. Ин созмон рӯзи 21 июн эълон кард, ки Павел Дуров барои мавқеи қотеаш алайҳи “сензура ва дахолати давлат ба мукотибаҳои озоди шаҳрвандон” қадрдонӣ мешавад.

Дар миёни барандаҳои дигари ҷоизаи ин созмон исми журналистон, аксаран аз Қазоқистон ёд мешавад.

Дуров ҳама талошҳои хадамоти амнияти Русияро барои ҳақи дастрасӣ ба мукотибаҳои хусусии муштариёнаш дар Telegram-ро рад кард. Дар натиҷа, Роскомнадзор аз апрели соли ҷорӣ ба масдуд кардани кори ин паёмрасон шурӯъ кард. Мухолифони ин иқдоми давлат ва муштариёни паёмрасон даст ба эътироз заданд. Вале мақомоти амниятии Русия гуфтанд, ки ин паёмрасонро террористон бо ҳадафи пиёда кардани ниятҳои сиёҳи худ истифода кардаанд.

Telegram яке аз пуристифодатарин паёмрасонҳо буда, дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳамоно истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG