Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифои сӯфии эъдомшудаи эронӣ боздошт шуд


Мақомоти эронӣ як ҳуқуқшиносро боздошт карданд, ки гӯё дар робита бо ҳукми сӯфии ҳафтаи ҷорӣ эъдомшуда ҳарфҳои дурӯғ паҳн мекард. Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки ҳуқуқшинос Зайнаб Тоҳирӣ рӯзи 20 июн барои он боздошт шуд, ки дар шабакаҳои интернетӣ иттиҳоми куштори се полис аз ҷониби Муҳаммад Салос, пешвои сӯфиёни Эронро “дурӯғ" хондааст.

Раиси умури адлияи Теҳрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфт, ки Тоҳирӣ ҳеҷ гоҳ барои Салос ба унвони вакили дифоъ хизмат накардааст ва дар бораи ҷузъиёти парванда ҳам хабаре надошт.

Муҳаммад Салос дар додгоҳ
Муҳаммад Салос дар додгоҳ

Салоси 51-сола дар куштори се ходими полис дар ҷараёни задухӯрдҳои миёни нирӯҳоии амниятӣ ва ҳам пайравони ҷараёни тасаввуф гунаҳгор шуда субҳи 18 июн дор овехта шуд. Эрон даъватҳо ба боздошта шудани тасмими эъдоми Салосро нодида гирифт. Тоҳирӣ яке аз камтарин мунаққидони ҳукми Салос буд, ки аз ноодила маҳкум шудани зерҳимояаш ошкоро садо баланд кард.

XS
SM
MD
LG