Дар марҳилаи дуюми даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 шоми 20-уми июн мунтахаби Испания бо тими милии Эрон бозӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи Испаниҳо ба анҷом расид. Голи ягонаро дар ин бозӣ ба номи ҳамлагари дастаи Испания Диего Коста сабт карданд. Дар пайи ҳамлаи бозигарони испанӣ ҳимоятгари дастаи Эрон хост тӯбро аз ҷаримагоҳашон берун кунад, вале тӯб ба пои Диего Коста бархӯрда, вориди дарвозаи Бейранванд шуд.
Тими Эрон дар сурати ғалабааш ба мунтахаби Португалия дар марҳилаи сеюми даври гурӯҳӣ метавонад ба марҳилаи якҳаштниҳоӣ роҳ ёбад.
Дар дақиққаи 62-юми бозӣ ҳамлагари эронӣ Саид Изатуллоҳӣ ба дарвозаи мунтахаби Испания гол зад, вале довари бозӣ Андрес Куняи уругвайӣ баъди тамошои навор голро ҳисоб накард. Ба андешаи довари марказ, гол аз ҳолати ғайрибозӣ ё оффсайд зада шудааст.
То охири бозӣ футболбозони эронӣ талош карданд ҳисобро тағйир диҳанд. Дар дақиққаҳои охир чанд ҳамла анҷом доданд вале ба онҳо муяссар нашуд, ки тӯбро вориди дарвозаи Давид де Хеа кунанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи В тимҳои Португалия ва Марокаш дидор анҷом доданд. Дар дақиқаи чоруми ин қувваозмоӣ Криштиану Роналдо тӯбро ба ҳадаф расонд. Ин голи чорум Роналдо дар Ҷоми ҷаҳони футбол аст ва миёни беҳтарин нишонзанҳо дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Нимҳимоятдгари тими милии Русия Денис Черишев ва ҳамлагари мунтахаби Испания бо задани се голӣ мутаносибан мақомҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд.
Баъди анҷоми марҳилаи дуюм дар гурӯҳи В мунтахабҳои Испания ва Португалия дар мақомҳои якум ва дуюм қарор гирифтанд. Тими милии Эрон баъди ғалабааш бар тими Марокаш дар марҳилаи аввал соҳиби се имтиёз шуд ва дар ҷойи сеюм қарор дорад. Мунтахаби Марокаш бо ду бохт бидуни имтиёз дар мақоми охир аст ва ҳеҷ шонсе барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ надорад
Тими мунтахаби Эрон дар таърихи худ маротибаи панҷум аст, ки дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар чаҳор мусобиқоти қабӣ натавонистааст, ки аз гурӯҳаш барояд.
Тими Эрон дар сурати ғалабааш ба мунтахаби Португалия дар марҳилаи сеюми даври гурӯҳӣ метавонад ба марҳилаи якҳаштниҳоӣ роҳ ёбад. Ин бозӣ рӯзи 25-уми июн дар варзишгоҳи “Мордовия арена”-и шаҳри Саранск баргузор мегардад.
1,5 млн тонна гандуми воридоти ин нишондоди омории даврони СССР мебошад, барои Точикистон. Бояд раёсати сохавии Маркази тадкикоти стратегии назди Президент хамчун стратег чандин сол пеш ба ин масъала мегукзоштанд.Холисона ва аз ин раванд рохбарияти кишваррро огох менамуданд.Афсус, ки ба садри раёсат омадани Кодирзода Д, Назаров Н, Чурахонава (Мутиева), Хуршеди Зиё, Мухамадзода , Умед Давлатов ва дигарон дигарон сабаб гашт, ки бехтарин мутахасиссон ин марказро тарк намоянд, чунки онхо ба коршиносон имкон надоданд ва намедиханд, ки пешаки хукуматро огох намояд. Бояд дар раёсат мутахассисони касби кор кунанд ва барои ояндаи миллат дурнамои стратегияи давлатдориро тахия намоянд. Замона дигар шудааст. Философия хикмат аст, вале философхои имрузаи мо аз он ба пурраги огох нестанд.Садри имрузаи марказ чи корро ба сомон расонид. Дар холе, ки чомеъа мухточи гамхори натанхо иктисоди балки ичтимоист.Рохбарияти чумхури бояд марказ тахти худ гирифта, аз ин олимони подархаво мисли Усмонзода даст кашида, шахсиятхои хирфавиро дар марказ чамъ намояд. Оноро ба манфиати миллат истифода барад. Шояд Хайриддин Усмонзода хафа шавад, вале ман мегуям то имруз кадом асари фалсафи ё андешаеро роич намудааст, таваччухи ахли чомеъа карор гирифта бошад.
Тавалуд ин хубаст, лекин таълиму тарбияро бештар кардан даркор, тавалуд куниву саг борин да куча сар дихи анаминаш безеб, на кудак осуда мебинад на падару модар
Орду гандум СИРРИ ДАВЛАТИ??? Каду чи каду???🤣
Вой аз дасти ин дар ба дарию мух,очирату бесохибию бе хувияяти. Х,ар тараф нигох мекунам ТОЦИКи бекору бекадру хаставу зору овора мебинам. Ба инаш ки гунахкор???
Дар Тоҷикистон ҳар чиз ки сирри давлатӣ шуд донед, ки дурӯғ аст. Захираи орд сирри давлатӣ, делаҳои сиёсӣ сирри давлатӣ, делаҳои ҷиноии мансабдорону фарзандонашон сирри давлатӣ, дороиҳои президенту авлоду аҷдодаш сирри давлатӣ, маоши президент сирри давлатӣ, маоши вазиру раисон сирри давлатӣ, истифодаи маблағҳои бюҷетӣ сирри давлатӣ, истифодаи маблағҳои фонди президентӣ ва фонди пешво сирри давлатӣ ва садҳо сирри дигар. Метарсам бо сирру асрорбозии ҳукумат Тоҷикистон рӯзе Сиррия нашавад.