Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академик Раҳим Масов ба бахши эҳёгарӣ интиқол ёфт


Академик Раҳим Масов, аз донишмандони маъруфи илми таърих дар Тоҷикистон, бар асари сактаи мағзӣ, дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Наздикони Раҳим Масов рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин донишманд субҳи имрӯз ба бемористон интиқол ёфт ва зери муроқибати табибон қарор доранд.

Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсилоти ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.

Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби "Таърихи табартақсим" мебошад, ки ба гуфтани донишмандон, гардише дар тафаккури таърихникории кишвар буд. "Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ", "Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия" ва "Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат", аз дигар асарҳои машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.

Академик Раҳим Масов аз соли 1988 то соли 2015 дар мақоми сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG