Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди Сербияву Мексика, мусовии Бразилияву Швейтсария, бохти Коста-Рика ва Олмон


Дар рӯзи чоруми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 17-уми июн – се бозӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Сербияву Мексика, мусовии Бразилияву Швейтсария, бохти Коста-Рика ва Олмон ба поён расид.

Рӯзи якшанбе дар Ҷоми ҷаҳонии футбол–2018 дар Русия нахуст дастаи мунтахаби Сербия дар бозии аввали гурӯҳи Е, ки дар варзишгоҳи «Самара Арена»-и шаҳри Самара баргузор шуд, бар тими миллии Коста-Рика бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгар Александар Коларов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум, ба ҳадаф расонд. Ӯ бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро моҳирона аз болои “девори сунъӣ” ба бурҷи “нӯҳгона” ворид кард.

Қаҳрамони феълии ҷаҳон – тими миллии Олмон - дар бозии аввали гурӯҳи F, ки шаби 17-уми июн дар варзишгоҳи "Лужники"-и шаҳри Маскав баргузор шуд, аз мунтахаби Мексика бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 35-ум, ҳуҷуми ҷавобии мексикоиҳо бо гол анҷом ёфт. Нимҳимоятгар Ирвинг Лосано тӯби аз Чичарито қабулнамударо моҳирона ба кунҷи дарвоза зад. Дарвозабони мунтахаби Олмон Мануэл Нойер маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Бозии дигари даври аввали гурӯҳи Е миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Швейтсария, ки дар варзишгоҳи “Ростов Арена”-и шаҳри Ростови соҳили Дон барпо гардид, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Нимҳимоятгари мунтахаби Бразилия Филиппе Коутиню дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 20-ум, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро нимҳимоятгари мунтахаби Швейтсария Стивен Субер бо зарбаи сар дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, зад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Сербия бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи Е мақоми аввалро касб намудааст. Тимҳои Бразилия ва Шейтсария бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаи Коста - Рика бидуни имтиёз дар мақоми чорум аст.

Дар даври дувуми гурӯҳи Е мунтахаби Коста – Рика 22-юми июн дар шаҳри Санкт - Петербург бо мунтахаби Бразилия ва дар ин рӯз дар шаҳри Калининград мунтахаби Сербия бо мунтахаби Швейтсария рақобат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи F мунтахаби Мексика бо се имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. Бозии дигари даври аввал дар ин гурӯҳ имрӯз, 18-уми июн, миёни дастаҳои мунтахаби Шведсия ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Нижний Новгород барпо мегардад.

Бозиҳои имрӯз, 18-уми июн:

Гурӯҳи F. Шведсия – Кореяи Ҷанубӣ. Нижний Новгород. Оғози бозӣ – соати 17:00.

Гурӯҳи G. Белгия Панама. Сочи. Оғози бозӣ – соати 20:00.

Гурӯҳи G. ТунисАнглия. Волгоград. Оғози бозӣ - соати 23:00.

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - то рӯзи 15-уми июл идома хоҳанд кард.

32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 боз 53 бозӣ доир мешавад: дар сабқати гурӯҳӣ – 37 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

Бозиҳои марҳалаи пешакӣ то 28-уми июн идома меёбанд. Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ аз 30-юми июн то 3-юми июл, бозиҳои чорякниҳоӣ 6-7-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ 10-11-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум 14-уми июл, бозии ниҳоӣ 15-уми июл баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 дар Русия

Таркиби гурӯҳҳо - гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай; гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон; гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания; гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия; гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия; гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ; гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия; гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои боқимондаи сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия

Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея

Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама

Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон

Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср

Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ

Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш

Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания

Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия

Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия

Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия

Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика

Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия

Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика

Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия

Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал

Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия

Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия

Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса

Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина

Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия

Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон

Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия

Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша

Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG