Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар қаҳрамонии Тоҷикистон пешсафи ягона шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола бар тими «Орзу-2026»-и Ҳисор бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, бо 15 имтиёз дар ҷадвал пешсафи ягона гардид.

Бозии марказии даври панҷум миёни дастаҳои «Орзу-2026» -и Академияи футболи ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ва Академияи футболи «Истиқлол» хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт.

Ҳисобро ҳанӯз дар дақиқаи сеюми дидор нимҳимоятгари “Истиқлол” Ҳасан Латипов боз кард. Баъди 11 дақиқа ӯ тӯби дувумро ба дарвозаи “Орзу” ворид намуд. Зимнан, Ҳасан Латипов беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд.

Голи севуми “Истиқлол”-ро Абдуллоҷони Қурбоналӣ дар дақиқаи 25-ум ба ҳадаф расонд. Пас аз се дақиқа голи чоруми “Истиқлол”-ро Беҳзод Шодиев зад. Дастаҳо бо ҳисоби 4:0 ба нафъи “Истиқлол” ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони навраси “Орзу” Шерзод Раҷабов, Файзиддин Каримов ва Ҷамшед Оқилов ба дарвозаи меҳмонон се гол заданд, вале дастаашонро аз бохт наҷот дода натавонистанд.

Ғалабаи панҷуми пайиҳам мавқеи “Истиқлол”-ро бо 15 имтиёз дар садри ҷадвал боз ҳам мустаҳкам кард. “Орзу – 2026” бо 12 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад.

Дар се бозии боқимондаи даври панҷум «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:1, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 6:2 ва РШВСМ-1 бар РШВСМ-2 бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни наврасони то 18-сола, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, аз ду давра иборат аст. Мусобиқа то моҳи август идома хоҳад кард.

Лаҳзае аз бозии Орзу ва Истиқлол. Бо тӯб бозигари беҳтарин Ҳасан Латипов
Лаҳзае аз бозии Орзу ва Истиқлол. Бо тӯб бозигари беҳтарин Ҳасан Латипов

Дар мавсими аввали Лигаи U-18, ки бо дастгирии Созмони футболи Ҷопон доир шудааст, ҳашт даста ширкат дорад: «Истиқлол», РШВСМ-1, РШВСМ-2 (ҳарсе– Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ, Ҳисор).

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон (U-18)

Даври 5-ум

«Орзу-2026» - «Истиқлол» - 3:4

Голҳо: Ҳасан Латипов, 3 (0:1). Ҳасан Латипов 14 (0:2). Абдуллоҷони Қурбоналӣ, 25 (0:3). Беҳзод Шодиев, 28 (0:4). Шерзод Раҷабов, 59 (1:4). Файзиддин Каримов, 65 (2:4). Ҷамшед Оқилов, 75 (3:4).

Бозигари беҳтарин: Ҳасан Латипов ("Истиқлол").

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

8 июн. Ҳисор. Майдони футболи Академияи ФФТ дар Алмосӣ.

«Истаравшан» – «Равшан» – 4:1

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 19 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 53 (1:1). Асад Зиёев, 66 (2:1). Азамат Шарифов, 72 (3:1). Набиҷон Раупов, 83 (4:1).

Бозигари беҳтарин: Асад Зиёев («Истаравшан»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

10 июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 6:2

Голҳо: Файзулло Бобокалонов, 5 (1:0). Суннат Исмоилов, 13 (1:1). Идибек Ёқубов, 35 (2:1). Иброҳим Зокиров, 41 (3:1). Диловаршо Ғаниев, 62 (4:1). Диловаршо Ғаниев, 74 (5:1). Суннат Исмоилов, 80 (5:2). Иброҳим Зокиров, 85 (6:2).

Бозигари беҳтарин: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

10 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

РШВСМ-2 – РШВСМ-1 – 0:4

Голҳо: Муҳаммад Исоқов, 29 (0:1). Хорун Қаҳҳоров, 65 (0:2). Муҳаммад Исоқов, 74 (0:3). Абдузоҳид Каримов, 83 (0:4).

Бозигари беҳтарин: Муҳаммад Исоқов (РШВСМ-1).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

10 июн. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Даври 6-ум

17 июн (якшанбе)

«Хатлон» – «Равшан»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

РШВСМ-1 – «Орзу-2026»

«Регар-ТадАЗ» – РШВСМ-2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

23-6

15

2

«Орзу-2026» (Академияи ФФТ, Ҳисор)

5

4

0

1

22-5

12

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

3

1

1

12-4

10

4

РШВСМ-1 (Душанбе)

5

2

2

1

11-8

8

5

«Равшан» (Кӯлоб)

5

2

0

3

14-18

6

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

1

2

2

11-9

5

7

«Хатлон» (Бохтар)

5

0

1

4

5-17

1

8

РШВСМ-2 (Душанбе)

5

0

0

5

1-32

0

XS
SM
MD
LG