Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Истаравшан" дар мусобиқаи лигаи аввал


Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пайиҳам дар ҳашт бозӣ пирӯз шуд, дар ҷадвал бо 24 имтиёз пешсафи ягона мебошад.

Футболбозони Истаравшан дар даври ҳаштум дар майдони худ дастаи «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст доданд. Азиз Ҳамробоев се гол, Илҳом Баротов ду гол, Муҳаммадалӣ Азизбоев ва Қаҳрамон Ҳамидов якголӣ ба самар расонданд. Як голи “Ҳулбук”-ро Зоир Холматов зад.

Дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар майдони худ бар тими «Шоҳин»-и Муъминобод бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Голҳои Амирҷон Раҳимов, Абдумалик Шодиев ва Ҷӯрабой Исоев ба «Эсхата» се имтиёз овард.

Ба ин тартиб, “Истаравшан” ягона дастаест, ки дар ҳашт даври мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шикаст нахӯрдааст. Футболбозони Истаравшан ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар – 20 тӯб - зада, аз дарвозаи худ аз ҳама камтар – 4 тӯб - сар додаанд.

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 19-20-уми июн баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 8-ум

«Ваҳдат» – «Сомон» – 3:1

Голҳо: Бахтовар Наҷмиддинов, 14 (0:1). Умедҷон Азизов, 22 (1:1). Далер Ризоев, 54 (2:1). Парвиз Ҷанҷолов, 90+3 (3:1).

7 июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Ҳулбук» – 7:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 12 (1:0). Азиз Ҳамробоев, 28 (2:0). Илҳом Баротов, 45 (3:0). Азиз Ҳамробоев, 59 (4:0). Азиз Ҳамробоев, 62 (5:0). Зоир Холматов, 69 (5:1). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 87 (6:1). Қаҳрамон Ҳамидов, 90+1 (7:1).

7 июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Локомотив-Помир» – «Зарафшон» – 2:3

Голҳо: Ҷонибек Шарипов, 19 (1:0). Довуд Ашӯров, 51 (1:1). Хайрӣ Турсунов, 72 – аз пеналтӣ (1:2). Дилшод Амонов, 75 (1:3). Эмомалӣ Аҳмадхон, 77 (2:3).

7 июн. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 100 тамошобин.

«Эсхата» – «Шоҳин» – 3:0

Голҳо: Амирҷон Раҳимов, 16 (1:0). Абдумалик Шодиев, 39 (2:0). Ҷӯрабой Исоев, 86 (3:0).

8 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 150 тамошобин.

«Душанбе-83» – «Парвоз» – 4:1

Голҳо: Дилшод Расулов, 22 – аз пеналтӣ (1:0). Элчибек Рашидбеков, 35 (2:0). Калеб Авуку, 40 (3:0). Ҳумоюн Азимов, 84 (3:1). Умар Азимов, 88 (4:1).

8 июн. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

«Саройкамар» – «Равшан» – 3:0

Голҳо: Соҳибҷон Ваҳобов, 41 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 52 (2:0). Насим Мамадқулов, 53 (3:0).

8 июн. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошобин.

«Исфара» – «Дӯстӣ» – 2:0

Голҳо: Хушбахт Назиров, 62 (1:0). Хушбахт Назиров, 66 (2:0).

9 июн. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

8

8

0

0

20-4

24

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

8

7

0

1

18-7

21

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

8

5

1

2

16-8

16

4

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

8

5

1

2

14-8

16

5

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

8

5

0

3

12-7

15

6

«Исфара» (Исфара)

7

4

0

3

11-8

12

7

«Равшан» (Кӯлоб)

8

4

0

4

10-12

12

8

«Шоҳин» (Муъминобод)

8

3

1

4

15-17

10

9

«Сомон» (Данғара)

8

3

0

5

10-14

9

10

«Саройкамар» (Панҷ)

6

2

0

4

8-7

6

11

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

8

2

0

6

8-18

6

12

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

7

1

2

4

9-11

5

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

8

1

1

7

10-19

4

14

«Ҳулбук» (Восеъ)

8

1

0

7

3-24

3

Даври 9-ум

19 июн (сешанбе)

Оғози бозиҳосоати 18:00

«Зарафшон» – «Исфара»

«Ҳулбук» – «Локомотив-Помир»

«Шоҳин» – «Душанбе-83»

20 июн (чоршанбе)

«Равшан» – «Ваҳдат»

«Дӯстӣ» – «Саройкамар»

«Парвоз» – «Истаравшан»

«Сомон» – «Эсхата»

XS
SM
MD
LG