Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА се шаҳрванд ва панҷ ширкати дигари русиро таҳрим кард


ИМА рӯзи 11 июн се шаҳрванди Русия ва панҷ ширкати русиро таҳрим кард. Ин таҳримҳо барои “фаъолиятҳои барқасдонаи рахнагарии хеле шадид” ҷорӣ шудааст. Дар изҳороти вазорати молияи ИМА исми шахсиятҳо ва ҳам ширкатҳо нашр шудааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки яке аз ин ташкилот аз ҷониби ФСБ назорат шуда, кораш аз таъмини мавод ва кӯмаки фаннӣ ба ин сохтор иборат буд ва ду ширкати дигар бевосита ба ФСБ хизмат мекарданд. Шахсиятҳои таҳримшуда ба таври мустақим ё ғайримустақим бо ширкатҳо кор мекарданд.

Се ширкати таҳримшуда, ба қавли амрикоиҳо, барои пешбурди фаъолиятҳои марбут ба ҳамлаҳои ҳакерӣ ва талоши таъсиррасонӣ ба амнияти ИМА таҳрим шуданд. Оҷонсиҳои иттилоотии ИМА мегӯянд, ки рахнагарии компютериву интернетӣ талоше буд аз ҷониби Русия барои мудохила ба ҷараёни интихоботи президентии соли 2016.

XS
SM
MD
LG