Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робби Уилямс дар расми кушоиши Ҷоми ҷаҳонӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад


соли 2016, Тифлис
соли 2016, Тифлис

Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ки дар маросими кушоиши Ҷоми ҷаҳонӣ дар Маскав рӯзи 14 июн овозхони маъруфи бритониёӣ Робби Уилямс ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳунарнамоии муштараки Уилямс ва овозхони операи Русия Аида Гарифуллина дар остонаи шурӯи бозии миёни тимҳои Русия ва Арабистони Саудӣ дар баробари 81 ҳазор тамошобин баргузор мешавад.

Уилямс 44 сол дошта, аз соли 1990-ум дар ҳайати як гурӯҳи писаронаи овозхонҳо ба саҳнаи мусиқӣ қадам гузоштааст.

Ӯ дар як изҳороте рӯзи 11 июн гуфт, ки орзуи давраи бачагиаш ин буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонӣ суруде иҷро кунад ва гуфт, ин як «барномаи фаромӯшношуданӣ» хоҳад буд.

Таронаи соли 2016-и ӯ бо номи «Шабнишинии русӣ» аз ҷониби бархе русҳо интиқод шуд, ки гуфтанд, ин тарона бар асоси қолабҳои шахшуда дар бораи кишвар эҷод шудааст.

Бар асоси бархе хабарҳо, Уилямс соли 2014 бо даъвати Роман Абрамович дар Маскав дар як шабнишинии нафарони наздик ба президент Владимир Путин ҳунарнамоӣ карда буд. Бовар меравад, ки ин шахс – мушовири калони сиёсии Путин Владимир Сурков мебошад. Соли гузашта Уилямс як пешниҳоди шӯхиомезе ба Русия карда, номзадии худро барои намояндагии ин кишвар дар озмуни мусиқии байналмилалии «Евровидение» пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG