Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Вазирони СПАД аз вазъи Афғонистон нигарон ҳастанд


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, таъсиси пойгоҳи террористии созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” дар қаламравҳои шимоли Афғонистон мавриди нигаронии вазирони корҳои хориҷии узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ шудааст.

Ӯ дар ҷараёни нишасти вазирони умури хориҷии СПАД дар Алмаатои Қазоқистон гуфт: "Ҳама вазирон дар бораи зарурати ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон сӯҳбат карданд. Аз инки аъзои ин созмон аз Сурияву Ироқ ба қаламрави Афғонистон ворид мешаванд, нигарон ҳастанд. Мавриди нигаронии вижа ин аст, ки террористон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, дар қаламравҳои наздик ба масъулиятҳои СПАД пойгоҳҳои худро бунёд мекунанд."

Лавров гуфт, кишарҳои узви СПАД ҳамоҳангии талошҳои худ, аз ҷумла, кумак ба Тоҷикистонро дар амри тақвияти марз идома хоҳанд дод. Ӯ гуфт, ин тадбирҳо тавассути ҳама сохторҳои дахлдори ҳифзи қонун ва хадамоти марзбонӣ анҷом шуда, талошҳо дар пешгирии қочоқи маводи мухаддир ҳам аз роҳи амалиёти “Канал” идома хоҳанд ёфт.

Сергей Лавров, инчунин, дар заминаи ҷалби гурӯҳи ифротии “Толибон” барои ширкат дар ҷараёни сулҳи Афғонистон изҳори назар кард. Вай гуфт, феълан миёни Кобул ва Толибон ҳеҷ музокироти мустақиме ба роҳ монда нашудааст. Вай гуфт, ки Русия аз муддатҳо пеш ҷонибдори барпо шудани чунин гуфтугӯҳо мебошад:

“Русия аз муддатҳо пеш ҷонибдори музокирот аст, Толибон – бахше аз ҷомеаи Афғонистон мебошанд. Бешубҳа, чунин музокирот танҳо бо шарти канор гузоштани силоҳ анҷом мешавад ва онҳо бояд ширкатдорони комилҳуқуқи ҷараёни сиёсӣ бошанд. Феълан аз ҷониби Толибон тасдиқи чунин омодагӣ вуҷуд надорад, вале мо кори худро идома медиҳем”, - гуфт Сергей Лавров.

Дар ҷараёни нишасти вазирони хориҷаи узви СПАД инчунин вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам иштирок кард.

XS
SM
MD
LG