Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингапур ба мулоқоти таърихии Трамп ва Ким Чен Ун омода мешавад


Мақомоти ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Сингапур рӯзи 11 июн барои ташкили мулоқоти нахустини президентони ду кишвар – Доналд Трамп ва Ким Чен Ун омодагиҳои охирро мебинанд. Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс гуфт, ки дар таҳияи омодагиҳо сафири Амрико дар Филиппин ширкат дорад.

Трамп ва Ким Чен Ун рӯзи 10 июн вориди Сингапур шуданд ва қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар фароғатгоҳе дар чазираи Сентос барои нахустин бор бо ҳам мулоқот кунанд. Мавзӯи аслии мулоқот ҷилавгирй аз идомаи барномаи ҳастии Кореяи Шимолӣ ва ба минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ табдил додани нимҷазираи Корея аст.

Трамп мулоқотро "шонс барои Кореяи Шимолӣ" номид ва гуфт, ки дар лаҳзаи аввал то куҷо самимӣ будани нияти Ким Чен Унро эҳсос хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG