Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон воридоти маҳсулоти парандапарварони русро манъ кард


Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар дод, ки ба воридоти маҳсулоти як қатор ширкатҳои Русия муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард. Дар сомонаи расмии вазорат гуфта шудааст, ки ин маҳдудият пас аз ошкор шудани қонуншиканиҳо ҷорӣ гашт.

Ба огаҳии вазорат, дар таркиби маҳсулоти ширкатҳои парандапарварии Русия - «Брянский бройлер», «Инжавинская птицефабрика», «Приосколье» ва «Чебаркульская птица» - баъзе аз ҳуҷайра ё бактерияҳои хатарнок ошкор карда шудааст.

Ба ин рӯйхат ширкати русии истеҳсолкунандаи ҳасиби «Царицино» низ шомил шудааст. Бино ба иттилои ҷониби Қазоқистон, дар таркиби ҳасибҳои мурғии ширкат "ДНК"-и хукро ошкор карданд.

Москва низ баъд аз маҳдудиятҳои ҷониби Остона эълом кард, ки воридоти маҳсулоти се ширкати қазоқиро ба Русия манъ мекунад. Росселхознадзор гуфт, "маҷбур" аст, аз 1 июл ба воридоти маҳсулоти ширкатҳои қазоқии "Тайинша-Астик», «Деп» ва «Молпродукт» маҳдудият ҷорӣ кунад. Москва дар шарҳи ин иқдоми худ гуфт, ки нақшаи сохтакории воридоти маҳсулот ба Русияро ошкор кардааст.

Русия ва Қазоқистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки ҳадафи он ташкили бозори муштараки дорои ҳамлу нақли озоди молу хидматрасонӣ ва сармоя аст.

XS
SM
MD
LG