Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” боз пешсафи мусобиқаи лигаи олӣ гардид


«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, дар ҷадвал ба зинаи аввал баромад.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи якшанбеи 10-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, ҳисобро ҳимоятгари “Истиқлол” Аҳтам Назаров дар дақиқаи 18-ум боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дувуми “Истиқлол”-ро Муҳаммадҷон Раҳимов ба самар расонд. Як голи ССКА “Помир”-ро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 85-ум зад.

Зимнан, ин пирӯзии ҳаштуми “Истиқлол” ва бохти дувуми ССКА “Помир” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”, ки дар 11 бозӣ 26 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. ССКА «Помир» бо 17 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ танаффуси тобистона фаро расид, ки якуним моҳ идома хоҳад кард. Мусобиқа бо бозиҳои даври дувоздаҳум рӯзҳои 28-29-уми июл аз сар гирифта мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум

ССКА «Помир» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Аҳтам Назаров, 18 (0:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 23 (0:2). Шарафҷон Солеҳов, 85 (1:2).

ССКА «Помир» (Душанбе): Алиакбар Оҳакӣ, Зоир Ҷӯрабоев, Парвиз Қашқаров (Зикрулло Холиқов, 81), Фуруғ Қодиров (Суҳроб Ҷалилов, 46), Шамсиддин Қосимов, Комрони Мирзохон, Самадҷон Шарифов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Муҳаммад Алипур, 46), Расул Пайзов, Абдухалил Боронов, Шарафҷон Солеҳов.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе (Шериддин Бобоев, 83), Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 72), Дилшод Восиев.

Огоҳӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Парвиз Қашқаров, Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), 90+3 – барои бо сар ба рӯи рақиб задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

10 июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

8

2

1

21-11

26

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

3

1

22-11

24

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

4

5

2

15-15

17

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

3

4

13-16

15

5

«Хатлон» (Бохтар)

11

4

1

6

13-15

13

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

15-14

13

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

11

2

3

6

7-15

9

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

1

1

9

5-14

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») 4-тӯбӣ.

Даври 12-ум

28 июл (шанбе)

«Кӯктош» – ССКА «Помир»

«Панҷшер» – «Хатлон»

29 июл (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 13-ум

4 август (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

5 август (якшанбе)

«Барқчӣ» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Хуҷанд»

Оғози бозиҳо соати 17:30

XS
SM
MD
LG