Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирсаидов иттиҳоми "дурӯғпароканӣ"-ро рад кард. ВИДЕО


Назди Додгоҳи шаҳри Хуҷанд қабл аз оғози мурофиаи Хайрулло Мирсаидов. 8-уми июни соли 2018.

Рӯзи 8-уми июн дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари пешини гурӯҳи "Маҳфили зарифон" ё КВН баргузор шуд. Ӯ ба "азхудкунӣ ё исрофкорӣ", "сохтакорӣ" ва "дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ", муттаҳам мешавад.

Мурофиаи парванда боз сурат гирифт. Вале додгоҳ ба хабарнигорон барои сабту наворбардорӣ ва аксгирӣ дар толор, иҷоза надод.

Аввалин мурофиаи додгоҳӣ 8-уми июн соати 2-и баъд аз зуҳр оғоз гардид ва дар ин рӯз айбдоршаванда Хайрулло Мирсаидов ва ҷабрдида - Олим Зоҳидзода пурсида шуданд. Хайрулло Мирсаидов ҳарчанд хаста ба назар менамуд, вале дар мурофиа фаъолона иштирок мекард, ба ҳама саволҳо посух медод ва талош мекард мавқеашро ба ҳозири рӯшан баён кунад.

Мирсаидов дар нахустин рӯзи мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки худро аз рӯи моддаи "дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ" гунаҳкор намедонад ва аз рӯи моддаҳои "аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" ва "сохтакорӣ", қисман гунаҳкор аст.

Мирсаидов иттиҳоми "дурӯғпароканӣ"-ро рад кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Мирсаидов гуфт, кори ӯ ба ҳайси раҳбари КВН-и Тоҷикистон баъд аз он ба маҳкама кашида шуд, ки соли гузашта Олим Зоҳидзода, раҳбари собиқи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд аз ӯ ба маблағи 1 ҳазор доллари амрикоӣ ришва талаб кард. Ва ӯ 8-уми ноябр дар муроҷиатномае ба унвони раисҷумҳур, онро расонаӣ намуд.

Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Худи Мирсаидов дар шарҳи иддаои худ дар додгоҳ гуфт, ки Зоҳидзода аз ӯ мустақиман пул нахост, балки 9 ҳазор сомонӣ маблағеро, ки барои хариди микрофонҳо ба "Маҳфили зарифон" тавассути ин раёсат ихтисос дода шуд буд, ҷудо накард. Зоҳидзода гуфтааст, Мирсаидов аз пули худ баландгӯяк харад. Ин баландгӯякҳо ба "Маҳфили зарифон"-и Суғд, ки соли 2017 бо ибтикори Мирсаидов таъсис гардида, раҳбарии онро мақомот бар дӯши ӯ гузоштанд, пешбинӣ шудааст.

"Ман аз ҳисоби худ микрофонҳоро харида ва расиди харидро ба ӯ додам. Ӯ 9 ҳазор сомонӣ, муодили 1 ҳазор доллар пулеро, ки аз будҷа барои харидани ин баландгӯякҳо ба "Маҳфили зарифон" ҷудо шудааст, ба киса зад. Ин равиши нав нест. Барои ҳамин, ман ин талаби ӯро ришвахорӣ медонам",- изҳор дошт ӯ.

Вале Олим Зоҳидзода инро рад кард ва гуфт, он 9 ҳазор сомонӣ барои харидани баландгӯякҳо на ба КВН-и таҳти раҳбарии Мирсаидов, балки маҳфили зарифони донишҷӯёни Суғд аз будҷа ҷудо гардид. Ва масъулияти хариди он бар дӯши раёсати ҷавонон вогузор шуда буд. Ӯ афзуд, Хайрулло Мирсаидовро ба ҳайси раҳбари "Маҳфили зарифон"-и донишҷӯёни суғдӣ қабул надорад, зеро ӯ санад пешниҳод накардааст.

"Ман маҷбур шудам барои барқарор кардани обрӯву нуфуз ва шаъну шарафи поймолшудаи худ ба Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва додситонии вилояти Суғд шикояти хаттӣ барам",- гуфт ӯ дар толори додгоҳ.

Рауфхон Ализода, муфаттиши парванда гуфт, Мирсаидов ба азхуд кардани ҳудуди 125 ҳазор сомонӣ маблағи аз будҷа ҷудошуда ба дастаи КВН, айбдор мешавад. Вале худи Мирсаидов гуфт, ӯ он маблағҳоро ба манфиати худ истифода накарда, баръакс барои пӯшонидани хароҷоти сафари КВН ба Русия, аз бонк қарз гирифтааст.

Як саволи айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи саҳнаҳои ҳаҷвии КВН-и Тоҷикистон дар саҳнаҳои Русия буд. Ализода пурсид, ки шакл ва мазмуни саҳнаҳоро кӣ ва чӣ гуна фармоиш медод? Мирсаидов гуфт, ки ҳадафи аслии дастаи КВН аз ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои Сочи ва Маскави Русия боло бурдани имиҷи тоҷикон буд. Вай гуфт:

"Мо зидди таҳияи саҳнаҳое будем, ки тоҷиконро мисли Равшану Ҷамшуд нишон медиҳанд. Мо мақсад доштем, ки тоҷиконро ба ҳайси гастарбайтер - мардикор нашиносанд, балки маърифат ва зарофати худро нишон диҳем. Саҳначаҳое, ки мухолифи хости мо буд, қабул намекардем."

Баъди пурсиши айбдоршаванда ва ҷабрдида, додгоҳ идомаи баррасии парвандаи Мирсаидовро ба рӯзи душанбеи 11-уми июн таъин кард. Мурофиаи парванда ба таври боз сурат гирифт. Вале додгоҳ ба хабарнигорон барои сабту наворбардорӣ ва аксгирӣ дар толор иҷоза надод. Дар толори мурофиа умдатан гурӯҳи рӯзноманигорон, дӯстону пайвандони Мирсаидов ва намояндагони сафорати ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳузур доштанд.

Хайрулло Мирсаидов дар аввал бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” муттаҳам буд. Аммо рӯзи 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Боздошти Хайрулло Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG