Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA як зина боло шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 7-уми июн дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 264 имтиёз дар ҷойи 119-ум қарор гирифтааст.

Олмон дар феҳрасти нави FIFA бо 1558 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1431 имтиёз ҷойи дувум ва Белгия бо 1298 имтиёз ҷойи севумро ишғол кардаанд. Дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин Португол, Аргентина, Швейтсария, Фаронса, Полша, Чили ва Испания дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Австралия дар мақоми аввал мебошад (дар ҷаҳон бо 718 имтиёз дар зинаи 36-ум), Эрон дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 37-ум, 708 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 57-ум, 544 имтиёз) қарор доранд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (70-ум) ва Беларус (78-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ мақоми 11-умро ишғол кардааст ва аз Литва (126-ум), Латвия (129-ум), Туркманистон (130-юм) ва Молдова (175-ум) пеш аст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Қирғизистон (92-юм), Узбекистон (95-ум) ва Қазоқистон (117-ум) ҷойгир шудааст.

Мусобиқоти аз ҳама бузургтарин барои дастаҳои мунтахаби миллӣ қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, ки дар ҳар чаҳор сол доир мегардад. Зимнан, то оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 шаш рӯз мондааст. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз 14-уми июн то 15-уми июл дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - баргузор мешаванд.

Ҷоми ҷаҳон-2018 рӯзи панҷшанбеи 14-уми июн дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», бо бозӣ миёни тимҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ оғоз меёбад.

Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай;
гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон;
гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания;
гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия;
гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия;
гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ;
гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия;
гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018

ГУРӮҲИ А

Бозии №1. 14 июн. 18.00. Москва. "Лужники". Русия– Арабистони Саудӣ
Бозии №2. 15 июн. 15.00. Екатеринбург. Миср – Уругвай
Бозии №17. 19 июн. 21.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср
Бозии №18. 20 июн. 18.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ
Бозии №33. 25 июн. 17.00. Самара. Уругвай – Русия
Бозии №34. 25 июн. 17.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

ГУРӮҲИ В

Бозии №4. 15 июн. 18.00. Санкт-Петербург. Марокаш – Эрон
Бозии №3. 15 июн. 21.00. Сочи. Португалия – Испания
Бозии №19. 20 июн. 15.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш
Бозии №20. 20 июн. 21.00. Қазон. Эрон – Испания
Бозии №35. 25 июн. 21.00. Саранск. Эрон – Португалия
Бозии №36. 25 июн. 21.00. Калининград. Испания – Марокаш

ГУРӮҲИ C

Бозии №5. 16 июн. 13.00. Қазон. Фаронса – Австралия
Бозии №6. 16 июн. 19.00. Саранск. Перу – Дания
Бозии №22. 21 июн. 15.00. Самара. Дания – Австралия
Бозии №21. 21 июн. 18.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу
Бозии №37. 26 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса
Бозии №38. 26 июн. 17.00. Сочи. Австралия – Перу

ГУРӮҲИ D

Бозии №7. 16 июн. 16.00. Москва. "Спартак". Аргентина – Исландия
Бозии №8. 16 июн. 22.00. Калининград. Хорватия – Нигерия
Бозии №23. 21 июн. 21.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия
Бозии №24. 22 июн. 18.00. Волгоград. Нигерия – Исландия
Бозии №39. 26 июн. 21.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина
Бозии №40. 26 июн. 21.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

ГУРӮҲИ E

Бозии №10. 17 июн. 15.00. Самара. Коста-Рика – Сербия
Бозии №9. 17 июн. 21.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария
Бозии №25. 22 июн. 15.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика
Бозии №26. 22 июн. 21.00. Калининград. Сербия – Швейтсария
Бозии №41. 27 июн. 21.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия
Бозии №42. 27 июн. 21.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

ГУРӮҲИ F

Бозии №11. 17 июн. 18.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика
Бозии №12. 18 июн. 15.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея
Бозии №28. 23 июн. 18.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика
Бозии №27. 23 июн. 21.00. Сочи. Олмон – Шведсия
Бозии №43. 27 июн. 17.00. Қазон. Корея – Олмон
Бозии №44. 27 июн. 17.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

ГУРӮҲИ G

Бозии №13. 18 июн. 18.00. Сочи. Белгия – Панама
Бозии №14. 18 июн. 21.00. Волгоград. Тунис – Англия
Бозии №29. 23 июн. 15.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 15.00. Нижний Новгород. Англия – Панама
Бозии №45. 28 июн. 21.00. Калининград. Англия – Белгия
Бозии №46. 28 июн. 21.00. Саранск. Панама – Тунис

ГУРӮҲИ H

Бозии №16. 19 июн. 15.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон
Бозии №15. 19 июн. 18.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал
Бозии №32. 24 июн. 18.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал
Бозии №31. 24 июн. 21.00. Қазон. Полша – Колумбия
Бозии №47. 28 июн. 17.00. Волгоград. Ҷопон – Полша
Бозии №48. 28 июн. 17.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

XS
SM
MD
LG