Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум ё мақомот? Додгоҳ тарафи муштариёни бонкҳоро гирифт


Маҳкам Маҳмудзода (байн), раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон

Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон ба порлумон дастур додааст, ки мухолифати шарҳи қонунҳоро бар нафъи амонатгузорони бонкҳо бартараф кунад. Ин дастур охири моҳи май дар пайи шикояти Солеҳҷон Ҷӯраев, ҳуқуқшинос ва амонатдори бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” содир шуд.

"Тоҷпромбонк" моҳи марти соли гузашта бо пешниҳоди Бонки Миллӣ ва қарори додгоҳ муфлис эълон шуд.

Мухолифати ду қонун дар чист?

Тақдири амонатдорони “Тоҷпромбонк”, инак, беш аз 1 сол боз ба хотири ихтилофи ду қонун гиреҳ хӯрдааст. Дар як тарафи тарозу банди 1-и моддаи 65-уми Кодекси гражданӣ ва дар паллаи дигар банди 1-и моддаи 35-уми қонун "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ" меистод.

Қонуни аввал нахуст ба пардохти пули амонатдорон ва қонуни дувум нахуст ба пардохти пули идораи давлатӣ тарҷеҳ медод.

Тоҷпромбонк
Тоҷпромбонк

Бо истифода аз қонуни дувум, Вазорати молия ҳамаи амволи “Тоҷпромбонк”-ро ҳабс кард, чун 110 миллион доллари ин вазорат ҳам дар он банд мондааст. Аз ин рӯ, мудирони муваққат наметавонанд амволи бонки касодшударо фурӯхта, пули амонатдоронро баргардонанд.

Солеҳҷон Ҷӯраев
Солеҳҷон Ҷӯраев

Дастури Додгоҳ ба порлумон

Додгоҳи коснтитутсионӣ ба порлумон дастур дод, ки мухолифати ин ду қонунро ба фоидаи мардум, яъне амонатдорон, бартараф кунад. Як мақоми баландпоя дар Додгоҳи конститусионии Тоҷикистон бидуни зикри номаш рӯзи 7-уми июн гуфт, "мо даъвои худи Солеҳҷон Ҷӯраевро қонеъ накардаем. Вале ба вакилони Маҷлиси Олӣ пешниҳод кардем, ки қонунҳоро ба талаботи Қонуни асосии Тоҷикистон мутобиқ созанд, то дигар чунин мухолифатҳо рух надиҳад."

Дар солҳои охир барои бори аввал аст, ки Додгоҳи конститсионии Тоҷикистон шикояти як муштарии бонки кишварро баррасӣ карда, ба ислоҳи қонунҳо дастур медиҳад. Ба эътиқоди соҳибназарон, ин як амри камназир будааст.

Вакил: Мутмаинам, ки камбуд рафъ мешавад

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, дар қонунгузории кишвар мавридҳое мушоҳида мешаванд, ки бо ҳам мухолифат доранд. Аммо ин мухолифатҳо баъд аз гузашти солҳо ва дар пайи вуқӯи ҳодисае ошкор мешаванд.

“Тоҷикистон кишвари мардумсолор аст. То замони пайдо шудани мушкилоти молӣ дар ҷаҳон ва сипас дар Тоҷикистон ҳеҷ кас дар фикри вуҷуди чунин мухолифат дар қонунгузорӣ набуд. Ҳоло, ки чунин нуқс дар қонун ошкор шудааст, мутмаинам ҳамаи вакилони Маҷлис барои рафъи он иқдом мекунанд. Зеро ислоҳи ин муқаррароти қонунгузорӣ ба фоидаи шаҳрвандон аст", - афзуд ӯ.

Ҳамааш аз яккаҳизбӣ?

Дар ду соли охир бозпас гирифтани пасандозҳои сокинон аз бонкҳои Тоҷикистон ба мушкили ҷиддие табдил ёфтааст. Ин масъала пайваста мавриди баррасии вакилони Маҷлиси Намояндагон ва мақомоти баландпояи Тоҷикистон қарор дорад, вале то ба ҳол ин мушкил боқӣ мондааст.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, ки барои таҳияи аризаи даъвогии Солеҳҷон Ҷӯраев ба Додгоҳи конститусионӣ мусоидат кардааст, гуфт, иллати аслии сар задани бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон ба тақрибан якҳизбӣ будани аъзои Маҷлиси Намояндагон марбут мебошад. Ба бовари ӯ, дар кишварҳои пешрафта мақомот намегузоранд, ки аъзои як ҳизб дар порлумон беш аз сӣ дарсад намоянда дошта бошад. Аммо дар Тоҷикистон вазъ дигар аст.

Ӯ гуфт, “дар натиҷа, чунин ҳолате пеш омадааст, ки бонки муфлисшуда аввал бояд қарзҳояш дар назди идораҳои давлатиро пардохт кунад. Аммо муштарии бонкҳо дар ҷойи чаҳорум қарор доранд. Аммо касе фикр накардааст, ки ин ба сарнавишти инсон марбут аст ва қонунгузорӣ мавзӯи зиндагии шахсро зери хатар гузоштааст."

Беш аз 600 муштарии саргардони "Тоҷпромбонк"

Бонки касодшудаи "Тоҷпромбонк" ба қисме аз амонатдоронаш то моҳи марти имсол 1 ҳазор сомонӣ пардохт мекард, аммо ҳоло онро ҳам қатъ кардааст. Шумораи амонатдорони "Тоҷпромбонк", ки дар баргардонидани маблағҳои бо дасти худ ба бонк супоридашон саргардонанд, беш аз 600 нафар аст. Дар ин бонк ҳудуди 90 миллион сомонӣ пули мардум банд мондааст.

Давлаталӣ Саид
Давлаталӣ Саид

Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон, моҳи гузашта ба раҳбарияти муваққати "Тоҷпромбонк" дастур дод, ки пулҳоро аз қарздорони бузурги бонк рӯёнда, нахуст амонати мардумро баргардонанд. Аммо муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, маъмурияти мудирони муваққати бонк супориши Давлаталӣ Саидро иҷро намекунанд.

Моҳи марти соли гузашта бо пешниҳоди Бонки миллӣ ва қарори додгоҳ "Тоҷпромбонк" муфлис эълон шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG