Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи Муҳаммад Алипур ССКА "Помир"-ро пирӯз кард


ССКА «Помир»-и Душанбе, ки дар бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвал ба зинаи севум баромад.

Дар ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо гардид, голи ягонаро легионери эронӣ Муҳаммад Алипур дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 32-юм, ба самар расонд.

Муҳаммад Алипур, ки имсол ба бошгоҳи ССКА “Помир” пайваст, дар хатти ҳамла бозӣ мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мехостам таҷрибаи инро дошта бошам, ки берун аз кишварам футбол бозӣ кунам ва аз инҷо ба кишварҳои дигар трансфер шавам. Ба мисли Украина, Русия."

Муҳаммад Алипур дар ҳайати дастаи ССКА “Помир” ягона легионер нест. Ҳамватани ӯ Алиакбар Оҳакӣ дар мавсими имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дарвозаи тими ССКА “Помир”-и Душанберо дифоъ мекунад.

Оҳакӣ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо бо тоҷикон ҳамзабону ҳамфарҳангем ва ҳисси қарибе байни мо аст. Дастаи ССКА, ки як мураббии эронӣ дошт, моро ба инҷо овард ва мо шароитро дидему онҳо моро санҷиданд. Хулоса кардем, ки имсоли варзишиамонро инҷо сипарӣ кунем."

Ин легионери эронӣ мегӯяд, таҷрибаи 14-солаи футболбозӣ дорад ва дар ҳайати дастаҳои қаблиаш дар Эрон муваффақона бозӣ кардааст. Мехоҳад, бо дастаи ССКА “Помир” ҳам муваффақ шавад.

"Мо инҷо омадем, ки то ҳадди тавонамон ба футболи Тоҷикистон кумак кунем. Ҳамин интизоротро дорем, ки футболи тоҷик ҳам ба мо кумак кунад. Ин ҷо нуқтаи ниҳоии мо нест. Бо ёрии футболи тоҷик мехоҳем дигар қуллаҳои муваффақиятро тай кунем”, - иброз дошт Алиакбар Оҳакӣ.

Тоҳир Муъминов, сармураббии ССКА “Помир”, дар бораи шароити муҳайёкардаи бошгоҳ ба легионерҳои даста гуфт, “то ҳадди имкон мо шароити онҳоро муҳайё кардем. Барояшон хона иҷора гирифтем ва се вақт бо хӯрок таъминашон мекунем. Вақте мо онҳоро даъват кардем, гуфтем, ки дастаи мо базаи худро надорад ва танҳо метавонем барояшон хона ба иҷора гирем.

Ғалаба бар “Хатлон” ба ССКА «Помир» имкон дод, ки бо 17 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон ба зинаи севум барояд. ССКА «Помир» бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаштумро рӯзи якшанбе, 10-уми июн, бо тими «Истиқлол»-и Душанбе анҷом медиҳад.

Бозии охирини даври ёздаҳум рӯзи 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни тимҳои «Барқчӣ» - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Хуҷанд” бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 11-ум

«Хатлон» – ССКА «Помир» – 0:1

Гол: Муҳаммад Алипур, 32.

«Хатлон» (Бохтар): Фатҳулло Бобоев, Самандар Шарипов, Наимҷон Иброҳимзода, Холмурод Назаров, Бахтиёр Қаландаров, Мухтор Ортиқов, Худойдод Узоқов (Ҷамолиддин Зардиев, 19), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов, Парвиз Охунов (Далер Умаров, 67), Аваз Камчинов (Наврӯз Рустамов, 46).

ССКА «Помир» (Душанбе): Алиакбар Оҳакӣ, Парвиз Қашқаров, Фуруғ Қодиров, Суҳроб Ҷалилов (Шарафҷон Солеҳов, 38, Шодибек Ғаффоров, 90+2), Комрони Мирзохон, Шамсиддин Қосимов, Расул Пайзов, Зоир Ҷӯрабоев, Самад Шарифов, Абдухалил Боронов, Муҳаммад Алипур (Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 63).

Бозигари беҳтарини дидор: Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

5 июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.

9 июн (шанбе)

Оғози бозӣсоати 17:30

«Барқчӣ» – «Панҷшер»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

3

1

22-11

24

2

«Истиқлол» (Душанбе)

10

7

2

1

19-10

23

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

4

5

1

14-13

17

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

3

4

13-16

15

5

«Хатлон» (Бохтар)

11

4

1

6

13-15

13

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

15-14

13

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

1

3

6

5-14

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

1

1

8

4-12

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG