Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳдат – мизбони бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018


Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 20-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, баргузор мешавад. Чунин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ ҳашт дастаи лигаи олӣ, ҳафт тими лигаи аввал ва як намояндаи лигаи дувум - «Файзканд» (Восеъ) - ширкат меварзанд. Бар асоси қуръакашии даври ҳаштякниҳоӣ қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - бо ССКА “Помир”-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - бо «Сомон»-и ноҳияи Данғара рақобат мекунанд.

Бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Исфара» (Исфара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе) – «Саройкамар» (Панҷ), «Хатлон» (Бохтар) – «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) барпо мегарданд.

Бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 23-24-уми июл, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, рӯзҳои 11-12-уми август доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 41-ум ва Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 56-ум ба самар расонданд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

XS
SM
MD
LG