Пайвандҳои дастрасӣ

Модари сарбоз қотили писарашро бахшид


Ҳасан Каримов.

Модари як сарбозе, ки чанд моҳи пеш писараш бар асари латукӯб ҷон дод, дар мурофиаи додгоҳӣ қотили фарзандашро бахшидааст. Ин амали Навбаҳор Суюнова -- сокини шаҳри Леваканд, ки ҳанӯз доғи фарзанд бар сина дорад, бисёриҳо, бавижа сарбозонро ҳайратзада кард.

Муҳсинхӯҷа Султонов, ки барои қатли Ҳасан Каримов аз сӯи додгоҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд, дар мурофиа гуфтааст, ки пас аз адои мӯҳлати ҷазо, ин занро парасторӣ хоҳад кард.

Ҳасан Каримов 28-уми марти соли ҷорӣ дар ҳоле, ки ҳанӯз як соли хизматашро пурра накарда буд, бар асари латукӯб ҷон бохт ва мақомот рӯзи якуми март ҷасадашро ба наздиконаш супурданд.

​Баррасии парвандаи қатли Ҳасан Каримов ҳафтаи гузашта аз сӯи Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон дар қисми низомии 17017-и ба номи Файзалӣ Саидов, баргузор шуд. Абдурашид Юсуфзода, додситони низомии вилояти Хатлон рӯзи 4-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳсинхӯҷа Султонов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" ва "вайрон кардани оиннома...", муттаҳам дониста шуд.

Ба нақл аз манбаи Радиои Озодӣ, Муҳсинхӯҷа Султонов дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳаш иқрор шуда ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Наздикони ин сарбози 21-солаи зодаи Суғд дар мурофиа гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ шикояте надоранд.

Навбаҳор Суюнова, модари сарбози кушташуда Ҳасан Каримов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст, вале ҳамчун модар Муҳсинхӯҷа Султоновро бахшидааст: "Писарам шаҳид шуд, ман бахшидамаш, аз ҳукм розӣ ҳастам, онҳо низ аз ҳукм розӣ ҳастанд, модараш аз ман бахшиш пурсид ва худаш низ бахшиш пурсид, ман ҳам бахшидамаш."

Ҳасан Каримов 28-уми марти соли ҷорӣ дар ҳоле, ки ҳанӯз як соли хизматашро пурра накарда буд, бар асари латукӯб ҷон бохт ва мақомот рӯзи якуми март ҷасадашро ба наздиконаш супурданд. Ҳодиса дар қисми низомии 051050-и Гвардияи миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак, ки сарбозон асосан масъулияти таъмини бехатарии нерӯгоҳи Норакро ба дӯш доранд, рух дод.

Дар пайи ҳодиса, мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак гуфтанд, ки дар заминаи марги Ҳасан Каримов ду сарбоз гумонбар мешавад. Вале ҳоло дар ниҳоят танҳо як нафар ба ҳайси гумонбар ба курсии ҷавобгарӣ нишаст.

Як мақом дар ҳукумати шаҳри Норак он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки натиҷаи экспертизаи судӣ дар ҷасади сарбоз осори латукӯбро ошкор кард ва марги ӯро ба хунравии дарунӣ марбут донист. Наздиконаш ҳам осори лату кӯбро дар тани ӯ дар рӯзи ба хоксупорияш мушоҳида кардаанд. Навбаҳор Суюнова гуфта буд, ки гӯшҳои писараш кабуд буданд, дилаш доғи сиёҳ дошт ва дар натиҷаи хунравӣ ҷон додааст.

Дар аксар хабарҳое, ки марбут ба маргу мири сарбозон дар ҳангоми хидмат дар артиш дар матбуот нашр мешаванд, эҳтимоли латукӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон ва ё афсарон бисёр садо медиҳад. Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.

Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG