Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Кӯктош” ва мусовии “Регар” бо “Хуҷанд”


Ду бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 3-юми июн баргузор шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳисобро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 35-ум боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев голи дувумро ба самар расонд. Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Истиқлол” бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев мебошад.

Бозии дигар миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ба голи ҳамлагари мизбонон Амирҷон Сафаров дар нимаи аввали дидор бозигари хуҷандиҳо Дилшод Бозоров дар охири бозӣ бо гол посух дод.

Ду бозии дигари даври ёздаҳум рӯзи 5-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар - ССКА «Помир»-и Душанбе ва 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни тимҳои «Барқчӣ» - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Хуҷанд” бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Кӯктош” бо 15 имтиёз ҷойи севумро ишғол намудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 35 (0:1). Дилшод Восиев, 38 (0:2).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

3 июн. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 11 (1:0). Дилшод Бозоров, 84 (1:1).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

3 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

5 июн (сешанбе)

«Хатлон» – ССКА «Помир»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

9 июн (шанбе)

«Барқчӣ» – «Панҷшер»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Оғози бозиҳосоати 17:30

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

3

1

22-11

24

2

«Истиқлол» (Душанбе)

10

7

2

1

19-10

23

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

3

4

13-16

15

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

9

3

5

1

13-13

14

5

«Хатлон» (Бохтар)

10

4

1

5

13-14

13

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

15-14

13

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

1

3

6

5-14

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

1

1

8

4-12

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.

XS
SM
MD
LG