Пайвандҳои дастрасӣ

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо (дзюдо) миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 2-3-юми июн дар шаҳри Лейбнитси Австрия доир шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило мақоми нӯҳумро касб кард.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд.

​Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо дар Лейбнитс танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Ӯ аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт.

Сомон бар Табашки Теодор аз Булғористон ва Ҷоҳаннес Лиммер аз Олмон ғолиб шуд. Вале баъдан аз Ҳидеюки Ишигукаи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Сипас Идо Левини исроилиро мағлуб кард. Паҳлавони ҷавони тоҷик қувваозмоии охиринашро ба Ҳосил Ҷаъфарови озарбойҷонӣ бохт.

Дар вазни зери 73 килограм, ки 72 гуштигир рақобат кард, Ҷиовани Эспоситои итолиёвӣ, ки дар финал бар Абдул Малик Умаев аз Белгия дастболо шуд, бо медали тилло ва рақибаш бо медали нуқра сарфароз гаштанд. Гуштигирони қазоқ Ангсарбек Ганиуллин ва Жанбулат Багтбергенов бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо дар Австрия 580 варзишгари ҷавон (378 писар ва 202 духтар) аз 39 кишвар, минҷумла 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ - Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Эстония - ширкат дошт. Мусобиқаи мазкур 3-юми июн ба поён расид.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Бразилия бо касби 5 медал (3-1-1) ва ду ҷойи панҷуму се ҷойи ҳафтум мақоми дувум ва Ҷопон бо касби 5 медал (3-1-1) ва як ҷойи панҷум мақоми севумро азони худ карданд.

Ёдовар мешавем, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2017 миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков имсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ ду медал ба даст овард.

Ӯ моҳи март дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Коимбраи Португалия баргузор шуд, медали нуқра гирифт. Баъдан Сомон дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки моҳи май дар шаҳри Корунаи Испания баргузор шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG