Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков барои Ҷоми Аврупо мубориза мебарад


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 2-3-юми июн дар шаҳри Лейбнитси Австрия баргузор мешавад, Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо дар Австрия ширкати беш аз 600 варзишгари ҷавон (писарону духтарон) аз 39 кишвар, минҷумла 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ, дар назар аст. Тоҷикистонро танҳо як гуштигир – Сомон Маҳмадбеков - дар рақобатҳо дар вазни зери 73 килограмм муаррифӣ менамояд.

Ба ҳайати дастаҳои дигари кишварҳои собиқи шӯравӣ – Гурҷистон – 5 зан, Қазоқистон - 22 марду 8 зан, Латвия - 3 мард, Молдова - 5 мард, Озарбойҷон - 17 марду 5 зан, Русия - 2 мард, Украина - 23 марду 11 зан ва Эстония - 6 марду 2 зан - дохиланд.

Сомон Маҳмадбеков имсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ ду медал ба даст овард. Ӯ моҳи март дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола (Junior European Judo Cup Coimbra 2018), ки дар шаҳри Коимбраи Португалия баргузор шуд, медали нуқра гирифт. Вай, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия, Португалия, Ҳолланд ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Алессандро Магнании итолиёвиро мағлуб кард. Вале Маҳмадбеков дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ёҳонатан Елбаз аз Исроил шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 19-20-уми май дар шаҳри Корунаи Испания баргузор шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ӯ, ки дар вазни зери 73 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Адам Будзовский аз Ҷумҳурии Чех пирӯз шуд. Сипас бар гуштигири испаниягӣ Ҷавиер Кабелло Ортиз ғолиб омад. Вале ӯ баъдан аз Дин Яков Гемери исроилӣ шикаст хӯрд. Сипас ӯ Эту Ҳейноненро аз Финляндия ва Андреа Спикуглияро аз Италия мағлуб кард. Сомон дар мубориза барои ҷойи севум бар Орон Гинер аз Исроил дастболо шуд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Озарбойҷон, аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков дар айни ҳол дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар миёни бузургсолон дар вазни зери 66 кило бо 350 имтиёз дар мақоми 94-ум, дар байни ҷавонон дар вазни зери 66 кило бо 232 имтиёз дар мақоми 7-ум ва дар миёни ҷавонон дар вазни зери 73 кило бо 68 имтиёз дар мақоми 52-юм қарор дорад.

XS
SM
MD
LG