Қуръакашии марҳилаи аввали интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола ва зери 19-сола, ки 30-юми май дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур -- доир шуд, рақибони дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистонро маълум кард.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) мувофиқи қуръакашӣ дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 15-ум то 23-юми сентябри имсол дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.
Ба марҳилаи дувуми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳилаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи аввали интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола:
Гурӯҳи «А»: Чин, Узбекистон, Урдун, Гуам, Шри-Ланка (мизбон).
Гурӯҳи «В»: Лаос, Ҳиндустон, Ҳонконг, Покистон, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Сингапур, Тоҷикистон (мизбон).
Гурӯҳи «D»: Австралия, Тайбэйи Чин, Қирғизистон (мизбон), Фаластин, Индонезия.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Мянмар, Малайзия, Непал (мизбон), Сурия.
Гурӯҳи «F»: Бангладеш (мизбон), Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Лубнон.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) бошад, мувофиқи қуръакашӣ дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Бангладеш ва Тайбэйи Чин рақобат мекунад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 24-ум то 28-уми октябри имсол дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.
Ба марҳилаи дувуми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳилаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи аввали интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 19-сола:
Гурӯҳи «А»: Австралия, Ҳонконг, Афғонистон, Лубнон, Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Тайланд (мизбон), Ҳиндустон, Покистон, Непал, Сингапур.
Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Қирғизистон (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Гуам, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон (мизбон), Бангладеш.
Гурӯҳи «Е»: Ветнам, Урдун, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Малайзия.
Гурӯҳи «F»: Мянмар (мизбон), Эрон, Фаластин, Лаос.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони зери 19-сола таркиб ёфтааст, ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Норак омодагӣ мебинад. Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 5-уми июн идома меёбад, Қаноат Латипов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), 24 бозигарро даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19):
Дарвозабонҳо: Шукронаи Азимзода, Муаттара Раҳматуллоева (ҳарду – «Барқ», Норак), Меҳрона Файзуллоева («Хатлон», Бохтар);
Ҳимоятгарон: Шаҳноза Бобоева, Мадина Додарбекова, Беназири Суҳроб (ҳарсе – «Хатлон», Бохтар), Шукрона Хоҷаева («Динамо», Душанбе), Лайлои Насрулло, Шаҳноза Ғафурова (ҳарду – «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Маҳина Бобоева («Зебо», Ҷиликул), Дилноза Ҳайдарова (Носири Хусрав);
Нимҳимоятгарон: Ҷонона Қурбонова, Мадина Давлатова (ҳарду – «Динамо», Душанбе), Суман Қурбонова, Зебонисо Абдуллоева, Муниса Мирзоева (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Марҷона Файзуллоева, Зулайхо Сафарова, Дилноза Лаълиева (ҳарсе – «Парасту», Душанбе), Зуҳро Бобомуродова (Ҷалолиддини Балхӣ), Ҳадисаи Саидхуҷа («Хатлон», Бохтар);
Ҳамлагарон: Некӯбахт Худододова, Амина Собирова (ҳарду – «Динамо», Душанбе), Руфина Нормуродова (Носири Хусрав).
Сармураббӣ – Қаноат Латипов.