Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиаш ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки дар Индонезия доир мешавад, рӯзи 30-юми май дар шаҳри Бишкек дар бозии дӯстона бар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-21) бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозии дӯстона се голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев ба самар расонд. Кароматулло Саидов (аз пеналтӣ) ва Шаҳром Самиев якголӣ заданд.

Бозии дӯстона

Қирғизистон (U-21) – Тоҷикистон (U-19) – 1:5

Голҳои Тоҷикистон: Шериддин Бобоев (3), Кароматулло Саидов, аз пеналтӣ, Шаҳром Самиев.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов (Дамир Азимов, 68), Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 46), Оятулло Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев (Султоншо Мирзоев, 46), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 46), Шаҳром Самиев (Аваз Камчинов, 46), Шериддин Бобоев (Абдулмуъмин Забиров, 46).

30 май. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов.

Бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-21) ва Тоҷикистон (U-19) рӯзи шанбе, 2-юми июн, дар шаҳри Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов, барпо мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии Мубин Эргашев, ки дар Бишкек 27-уми май шуруъ шуд, то рӯзи 3-юми июн идома хоҳад кард.

Ин ҷамъомад ба омодагии дастаи мунтахаб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия доир мешавад, роҳандозӣ шудааст.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат мекунад.

Футболбозони ҷавони тоҷик нахустин бозиашонро 20-уми октябр бо дастаи Чин анҷом медиҳанд. Дар даври дувум 23-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Малайзия вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 26-уми октябр бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд. Дар мавриди аз гурӯҳ баромадан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун - рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.

XS
SM
MD
LG