Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Орзу" ва "Истиқлол" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон (U-18)


Дастаҳои «Орзу-202 Академияи футболи ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ва «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола пешсафанд. Ҳарду даста аз рӯи натиҷагирии се даври мусобиқа 9-имтиёзӣ доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, аз ду давра иборат аст. Мусобиқа то моҳи август идома хоҳад кард.

Дар мавсими аввали Лигаи U-18, ки бо дастгирии Созмони футболи Ҷопон доир шудааст, ҳашт даста ширкат дорад: «Истиқлол», РШВСМ-1, РШВСМ-2 (ҳарсе– Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ, Ҳисор).

Пешсафони мусобиқа - «Орзу-2026» ва “Истиқлол” - дар ҳарсе бозии худ бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Орзу-2026» бар РШВСМ-2 бо ҳисоби 6:0, бар «Хатлон» бо ҳисоби 5:0 ва бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. “Истиқлол” низ дар ҳарсе бозиаш бар «Хатлон» бо ҳисоби 3:2, РШВСМ-1 бо натиҷаи техникии 3:0 ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола

Даври 1-ум

РШВСМ-2 – «Орзу-2026» – 0:6

Голҳо: Файзиддин Каримов, 8 (0:1). Сорбон Назризода, 28 – ба дарвозаи худ (0:2). Зуҳриддин Фузайлов, 40 (0:3). Файзиддин Каримов, 45 (0:4). Алишер Раҳимов, 67 (0:5). Шерзод Дадабоев, 85 (0:6).

РШВСМ-1 – «Равшан» – 5:3

Голҳо: Абдузоҳид Каримов, 8 (1:0). Шаҳриёр Атоев, 21 (1:1). Абдузоҳид Каримов, 44 (2:1). Анушервони Одил, 45 (3:1). Эмомалӣ Раҳмонов, 46 (3:2). Эмомалӣ Раҳмонов, 65 (4:2). Анушервони Одил, 73 (5:2). Мурод Содиқов, 77 (5:3).

«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:2

Голҳо: Ёқуб Холматов, 26 (0:1). Абдуллоҷони Қурбоналӣ, 46 (1:1). Хусрав Тоҳиров, 47 (1:2). Беҳзод Шодиев, 86 (2:2). Абдуллоҷони Қурбоналӣ, 87 (3:2).

Даври 2-юм

«Орзу-2026» – «Хатлон» – 5:0

Голҳо: Шерзод Дадабоев, 17 (1:0). Умед Рамазонов, 19 (2:0). Умед Рамазонов, 35 (3:0). Умед Рамазонов, 40 (4:0). Алишер Раҳимов, 70 (5:0).

«Истаравшан» – РШВСМ-2 – 5:0

Голҳо: Азамат Шарифов, 47 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 52 (2:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 54 (3:0). Азамат Шарифов, 71 (4:0). Салмон Ёдгоров, 86 (5:0).

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Файзулло Бобокалонов, 7 (0:1). Рамазон Почоев, 18 (1:1). Эмомалӣ Раҳмонов, 44 (2:1). Некрӯзи Ҷамшед, 53 (3:1). Идибек Ёқубов, 60 (3:2).

«Истиқлол» – РШВСМ-1 – 3:0 (натиҷаи техникӣ)

Даври 3-юм

РШВСМ-1 – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Абдузоҳид Каримов, 28 (1:0). Миразиз Боев, 56 (1:1).

РШВСМ-2 – «Равшан» – 1:6

Голҳо: Рамазон Почоев, 22 (0:1). Некрӯз Баротов, 33 (0:2). Билолиддини Зафар, 57 (0:3). Абдулло Шарипов, 59 (1:3). Рамазон Почоев, 63 (1:4). Некрӯзи Ҷамшед, 72 (1:5). Сиёвуш Назирмадов, 85 (1:6).

«Орзу-2026» – «Истаравшан» – 2:0

Голҳо: Файзиддин Каримов, 36 (1:0). Мизроб Усмонов, 87 (2:0).

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Ҳикмат Исмоилов, 56 (0:1). Нушервон Ҳамидов, 90+3 (0:2). Муслим Зайниддинов, 90+4 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Орзу-2026» (Академияи ФФТ, Ҳисор)

3

3

0

0

13-0

9

2

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

8-3

9

3

«Равшан» (Кӯлоб)

3

2

0

1

12-8

6

4

РШВСМ-1 (Душанбе)

3

1

1

1

6-7

4

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

5-2

3

6

«Хатлон» (Бохтар)

3

0

1

2

3-9

1

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

0

1

3-5

0

8

РШВСМ-2 (Душанбе)

3

0

0

3

1-17

0

Даври 4-ум

1 июн (ҷумъа)

«Истиқлол» – РШВСМ-2

2 июн (шанбе)

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Равшан» – «Орзу-2026»

3 июн (якшанбе)

РШВСМ-1 – «Регар-ТадАЗ»

Даври 5-ум

10 июн (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

РШВСМ-2 – РШВСМ-1

«Орзу-2026» – «Истиқлол»

«Истаравшан» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG