Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Қирғизистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиаш ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки дар Индонезия баргузор мешавад, дар шаҳри Бишкек бо мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-21) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо 30-юми май ва 2-юми июн баргузор мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии Мубин Эргашев, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – 27-уми май шуруъ шуд, то рӯзи 3-юми июн идома хоҳад кард.

Ин ҷамъомад ба омодагии дастаи мунтахаб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия доир мешавад, роҳандозӣ шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарду – «Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Дамирҷон Азимов («Хуҷанд»), Аваз Камчинов («Хатлон»), Шаҳром Самиев, Нуриддин Ҳамроқулов (ҳарду – «Барқчӣ»).

Сардовар – Мубин Эргашев.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 20-уми октябр бо дастаи Чин анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 23-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Малайзия вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 26-уми октябр бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд. Дар мавриди аз гурӯҳ баромадан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун - рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.

Таркиби гурӯҳҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони то 19-сола:

Гурӯҳи «А»: Индонезия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Ироқ, Тайланд, Кореяи Шимолӣ.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Чин, Малайзия.

Тақвими бозиҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19)

Даври 1-ум

20 октябр (шанбе)

Тоҷикистон – Чин. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Даври 2-юм

23 октябр (сешанбе)

Малайзия – Тоҷикистон. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Даври 3-юм

26 октябр (ҷумъа)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

XS
SM
MD
LG