Дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Истаравшан»-и Истаравшан, ки дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пайиҳам дар шаш бозӣ пирӯз шуданд, дар ҷадвал бо 18-имтиёзӣ пешсафанд.
Дар даври шашум «Эсхата» мувофиқи тақвими бозиҳои мусобиқаи лигаи аввал бояд дар майдони худ бо “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бозӣ мекард, вале рақибаш ҳозир нашуд. Бинобар ин бар асоси дастури мусобиқа “Эсхата” бо натиҷаи техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. «Истаравшан» бошад, дар майдони худ бар тими «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Ба ин тартиб, дастаҳои “Эсхата” ва “Истаравшан”, ки то ҳоло бохту мусовӣ надоранд, 18-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Эсхата» дар мақоми аввал ва «Истаравшан» дар мақоми дувум қарор доранд.
Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 31-уми май ва 1-уми июн баргузор мешаванд. Рӯзи панҷшанбе се бозӣ миёни дастаҳои «Ҳулбук» – «Душанбе-83», «Парвоз» – «Эсхата» ва «Шоҳин» – «Сомон» баргузор мешавад. Чор бозии дигар рӯзи ҷумъа миёни тимҳои «Саройкамар» – «Ваҳдат», «Равшан» – «Исфара», «Дӯстӣ» – «Локомотив-Помир» ва «Зарафшон» – «Истаравшан» барпо мегардад.
Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 6-ум
«Сомон» – «Парвоз» – 2:0
Голҳо: Шараф Саидов, 9 (1:0). Бахтовар Наҷмиддинов, 60 (2:0).
26 май. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
«Душанбе-83» – «Зарафшон» – 4:2
Голҳо: Дилшод Амонов, 16 – аз пеналтӣ (0:1). Элчибек Рашидбеков, 18 (1:1). Дилшод Амонов, 52 (1:2). Дилшод Расулов, 82 – аз пеналтӣ (2:2). Колинс Адухене, 83 (3:2). Далер Имомназаров, 88 (4:2).
26 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 50 тамошобин.
«Истаравшан» – «Дӯстӣ» – 2:0
Голҳо: Абдураҳмон Қурбонов, 20 (1:0). Абдуқаҳҳор Қодиров, 75 (2:0).
27 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.
«Локомотив-Помир» – «Равшан» – 1:2
Голҳо: Далер Чолов, 24 (0:1). Рустам Соиров, 45 – аз пеналтӣ (1:1). Далер Чолов, 77 (1:2).
27 май. Душанбе. Майдони эҳтиётииВарзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
«Ваҳдат» – «Шоҳин» – 4:2
Голҳо: Хуршед Сангов, 11 (0:1). Шарифхон Саломов, 26 (0:2). Умедҷон Азизов, 57 (1:2). Алишер Эргашев, 77 (2:2). Алишер Эргашев, 77 (3:2). Умедҷон Азизов, 81 (4:2).
27 май. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошобин.
«Эсхата» – «Ҳулбук» – 3:0 (натиҷаи техникӣ)
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
6 |
6 |
0 |
0 |
15-5 |
18 |
2 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
6 |
6 |
0 |
0 |
10-1 |
18 |
3 |
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) |
6 |
4 |
0 |
2 |
9-3 |
12 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
6 |
4 |
0 |
2 |
9-7 |
12 |
5 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
6 |
3 |
1 |
2 |
10-7 |
10 |
6 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
5 |
3 |
0 |
2 |
9-6 |
9 |
7 |
«Сомон» (Данғара) |
6 |
3 |
0 |
3 |
9-9 |
9 |
8 |
«Шоҳин» (Муъминобод) |
6 |
2 |
1 |
3 |
13-14 |
7 |
9 |
«Исфара» (Исфара) |
5 |
2 |
0 |
3 |
7-7 |
6 |
10 |
«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) |
6 |
2 |
0 |
4 |
7-13 |
6 |
11 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
4 |
1 |
0 |
3 |
4-5 |
3 |
12 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
6 |
1 |
0 |
5 |
2-15 |
3 |
13 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
4 |
0 |
1 |
3 |
4-7 |
1 |
14 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
6 |
0 |
1 |
5 |
5-14 |
1 |
Нишонзанҳо: Далер Чолов («Равшан») – 8 тӯб, Мунис Каримов («Дӯстӣ»), Муродалӣ Алиҷон («Шоҳин»), Умедҷон Азизов («Ваҳдат») –5-тӯбӣ.
Даври 7-ум
31 май (панҷшанбе)
«Ҳулбук» – «Душанбе-83»
«Парвоз» – «Эсхата»
«Шоҳин» – «Сомон»
1 июн (ҷумъа)
«Саройкамар» – «Ваҳдат»
«Равшан» – «Исфара»
«Дӯстӣ» – «Локомотив-Помир»
«Зарафшон» – «Истаравшан»