Моҳрӯ Ҳалимова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи XXIII қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF, ки рӯзҳои 25-27-уми май дар шаҳри Ҳошимини Ветнам доир шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин бора ба “Озодӣ” аз Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон рӯзи 28-уми май хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни зери 73 кило нахуст бар Нанда Фернандиа аз Индонезия, баъдан бар Сеавмей Сорн аз Камбоҷа пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Моҳрӯ дар нимфинал аз Ҳйери Оҳ, варзишгари Кореяи Ҷанубӣ, шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми севумро касб намуд.
Ҳйери Оҳ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Чен Ли аз Чин ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Чен Ли бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар вазни 73 кило, инчунин Да-Бин Ли аз Кореяи Ҷанубӣ медали биринҷӣ гирифт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF дар шаҳри Ҳошимини Ветнам ҳудуди 500 варзишгари беш аз 30 кишвари қора ширкат дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 12 медал (6 тилло ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Чин бо касби 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми дувум ва дастаи Узбекистон бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ мақоми 10-умро гирифт.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли 2016 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF дар Филиппин ду медал ба даст оварда буданд. Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни беш аз 73 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали дувумро ба Тоҷикистон Фарҳод Неъматов овард. Ӯ дар сабқати мардон дар вазни зери 80 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.