Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон шиддат мегирад


Се бозии даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 26-27-уми май доир гардид. Ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ба поён расид, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб шуданд.

Дастаи нави лигаи олӣ - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - дар майдони худ тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Аз чор гол сетоашро легионерҳои даста Нодирбек Иброҳимов, Муҳаммадшарифи Саидхуҷа ва Идан Окран ба самар расонданд. Боз як голро Азизбек Султонов ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Голҳои «Хатлон»-ро Худойдод Узоқов ва Парвиз Охунов заданд.

Дар бозии дигари даври даҳум ССКА «Помир»-и Душанбе «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 50-ум ба ҳадаф расонд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Се имтиёзро ба меҳмонон зарбаҳои нишонраси Фирӯз Қараев ва Хайрулло Азизов дар дақиқаҳои 7-ум ва 78-уми бозӣ оварданд.

Ёдовар мешавем, бозии марказии даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи лигаи олӣ - «Хуҷанд» ва «Истиқлол», ки рӯзи 24-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 8500 тамошобин баргузор шуда буд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:3 ба поён расид.

Ба ин тартиб, мубориза барои медалҳои тиллои мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон шиддат мегирад. “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов баъди ин пирӯзӣ бар рақиби аслиаш “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсафи ягона шуд. “Истиқлол”, ки нисбат ба “Хуҷанд” се хол камтар гирифта, як бозӣ камтар кардааст, дар зинаи дувум қарор дорад. “Кӯктош” бо 15 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.

Дар даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон «Хатлон» бо ССКА «Помир», «Кӯктош» бо «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» бо «Панҷшер» рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Кӯктош» – «Хатлон» – 4:2

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 38 – аз пеналтӣ (1:0). Азизбек Султонов, 45 (2:0). Муҳаммадшарифи Саидхуҷа, 68 (3:0). Идан Окран, 71 (4:0). Худойдод Узоқов, 78 (4:1). Парвиз Охунов, 80 (4:2).

Бозигари беҳтарини дидор: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

26 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Шарафҷон Солеҳов, 50.

Бозигари беҳтарини дидор: Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

26 май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2

Голҳо: Фирӯз Қараев, 7 (0:1). Хайрулло Азизов, 78 (0:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Сироҷиддин Аллаев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

27 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

21-10

23

2

«Истиқлол» (Душанбе)

9

6

2

1

17-10

20

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

10

4

3

3

13-14

15

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

9

3

5

1

13-13

14

5

«Хатлон» (Бохтар)

10

4

1

5

13-14

13

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

3

4

14-13

12

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

1

3

6

5-14

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

1

1

8

4-12

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.

Даври 11-ум

2 июн (шанбе)

«Хатлон» – ССКА «Помир»

3 июн (якшанбе)

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

9 июн (шанбе)

«Барқчӣ» – «Панҷшер»

Бозии даври 8-ум

10 июн (якшанбе)

ССКА «Помир» – «Истиқлол»

Оғози бозиҳосоати 17:30

XS
SM
MD
LG