Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Чин мағлуб шуд


Саидҷалол Саидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix Hohhot 2018), ки рӯзҳои 25-27-уми май дар шаҳри Ҳуҳҳоти Чин баргузор шуд, дар аввалин қувваозмоияш шикаст хӯрд. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 360 варзишгар (196 мард ва 164 зан) аз 46 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар Гран-прии ҷудо дар Чин танҳо як варзишгар - Саидҷалол Саидов - намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни зери 100 килограмм рӯзи якшанбеи 27-уми май аввалин қувваозмоияшро ба Л.А. Смит III аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (7 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 9 медал (3-2-4) мақоми дувум ва Муғулистон бо касби 7 медал (1-2-4) мақоми севумро азони худ карданд.

Зимнан, ин аввалин мусобиқаи литсензионӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 ҷиҳати дарёфти имтиёзҳо ба шумор мерафт. Барои медали тиллои мусобиқа ба ғолиб 700 имтиёз, барои медали нуқра 490 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 350 имтиёз дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Ҳуҳҳоти Чин-2018:

Мардон

60 кг
1. СМЕТОВ Ялдос (Қазоқистон)
2. ҚИРҒИЗБОЕВ Гусман (Қазоқистон)
3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)

66 кг
1. МАРУЯМА Йоширо (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЖУМАКАНОВ Ялдос (Қазоқистон)

73 кг
1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
3. ТСЕДО-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
3. ЗИНГГ Антони (Олмон)

81 кг
1. САСАКИ Такеши (Ҷопон)
2. ХОЛМИРЗОЕВ Ҳасан (Русия)
3. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. ЛИ Сеунгсу (Кореяи Ҷанубӣ)

90 кг
1. ГВАК Донгҳан (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ГАНТУЛГА Алтанбагана (Муғулистон)
3. СМИНК Ҷемпер (Нидерланд)
3. ТСЕЛИДИС Теодорос (Юнон)

100 кг
1. ЧО Губам (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)
3. ДВАРБИ Йоаким (Шведсия)
3. НИШИЯМА Даики (Ҷопон)

+100 кг
1. НАИДАН Тувшинбаяр (Муғулистон)
2. УЛЗИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)
3. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Узбекистон)
3. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)

XS
SM
MD
LG