Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни тимҳои «Реал»-и Испания ва “Ливерпул”-и Англия имшаб, 26-уми май, дар варзишгоҳи Олимпии шаҳри Киев соати 23:45 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Дар марвиди пирӯзӣ «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо мегардад, ки дар муддати 42 сол касе ба чунин натиҷа даст наёфтааст. Бори охирин соли 1976 "Бавария"-и Олмон се бор паиҳам барандаи ин мусобиқот шудааст (1974-1976).
Ду сол пеш “Реал” бо раҳбарии Зинедин Зидан дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар "Атлетико"-и Испания аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) ғолиб шуда буд. Соли гузашта бошад, испаниҳо дар финал бар "Ювентус"-и Италия бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Умуман, “Реал” 12 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст, аз он ҷумла дар панҷ соли охир се бор (солҳои 2013, 2016 ва 2017) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.
“Ливерпул” бошад, ба финали Лигаи қаҳрамонҳо бо раҳбарии Юрген Клопп роҳ ёфтааст. Барои "Ливерпул" ин финали ҳаштум дар таърихаш ба шумор меравад, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст. Зимнан, соли 1981 “Ливерпул” бар "Реал" пирӯзӣ ба даст оварда буд. Ин бозӣ дар Париж баргузор шуд ва голи ягонаву ҳалкунандаро Алан Кенеди ба самар расонд. Дарвоқеъ, ин охирин финале буд, ки “Реал” ноком шудааст. Шаш финали дигар бо пирӯзии “Реал” ба анҷом расидааст (1998, 2000, 2002, 2014, 2016 ва 2017).
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо, ки имшаб миёни тимҳои “Реал” ва “Ливерпул” сурат мегирад, инчунин мубориза байни футболбозони маъруф Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳ мебошад. Роналду метавонад бори панҷум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шавад, вале Салоҳ барои аввалин бор дар финали ин мусобиқот ширкат меварзад.
Сардовари бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо миёни тимҳои “Реал” ва “Ливерпул” Милорад Мажич аз Сербия таъйин шудааст. Ғолиби финал дар Киев рӯзи 15-уми август дар Таллинн барои Суперҷоми УЕФА бо «Атлетико»-и Мадриди Испания, ки дар мавсими ҷорӣ ғолиби Лигаи Аврупо шуд, рақобат мекунад.