Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЕ ба Тоҷикистон барои табобати саратон дастгоҳи радиотерапия дод


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ -- МАГАТЕ барои табобати беморони саратон дар Тоҷикистон дастгоҳи радиотерапия тақдим кардааст. Ин дастгоҳ тавассути нурҳои ҳастаӣ беморони гирифтори саратонро табобат мекунад.

Саида Умарова, муовини раиси Маркази саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бор дастгоҳҳои радиотерапия ба Маркази онкологии вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Давлати Тоҷикистон барои пардохти як бемори гирифтори саратон дар як сол 60 сомонӣ пардохт мекунад. Боқимондаи хароҷотро худи бемор ва аҳли хонаводаи ӯ бояд пардохт кунад.

"Мо бо МАГАТЕ аз соли 2006-ум ҳамкорӣ дорем. Ин созмон дар доираи як лоиҳааш айни ҳамин гуна таҷҳизотро ба маркази онкологии Душанбе тақдим карда буд. Айни ҳол ин гуна таҷҳизотро дар вилояти Суғд оварда насб карданд",- гуфт Умарова. Ин масъули маркази саратоншиносӣ афзуд, таҷҳизотҳои МАГАТЕ, ки тавассути нурҳо беморонро табобат мекунанд, навтарин ба шумор меоянд ва дар табобати саратон таҷрибаи аз ҳама муосир ҳастанд.

Сиванантан Сарасанандараджа, масъули саломатии инсони шуъбаи илми МАГАТЕ дар изҳороте дар сомонаи расмии ин созмон гуфтааст, "нақши МАГАТЕ хариди таҷҳизоти табобат бо нур ва насбу ба кор андохтани он аст". Ба гуфтаи ин мақоми МАГАТЕ, ин созмон ҳамчунон масъули таъини меъёри нури табобатӣ ва бозомӯзии духтурони тоҷик барои кор бо чунин таҷҳизот аст.

Ба иттилои МАГАТЕ, дастгоҳи радиотерпӣ дар вилояти Суғд аҳамияти минтақавӣ дорад ва беморон аз Қирғизистон ва Узбекистони ҳамсоя низ метавонанд аз он баҳра бигиранд. Чун ба гуфтаи ин созмон, чунин таҷҳизот дар ин минтақа вуҷуд надошт ва беморон маҷбур буданд ё ба Душанбе ва ё кишварҳои хориҷа барои табобат муроҷиат кунанд, ки харҷи ҳангуфте ба дунбол дошт.

Тибқи омори охирини пешниҳодкардаи Маркази омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, 3 ҳазор 106 нафар беморони саратон бо омоси бадсифат (злокачествний), расман ба қайд гирифта шудаанд.

Давлати Тоҷикистон барои пардохти як бемори гирифтори саратон дар як сол 60 сомонӣ пардохт мекунад. Боқимондаи хароҷотро худи бемор ва аҳли хонаводаи ӯ бояд пардохт кунад. Танҳо бемороне, ки хуруҷи саратонашон ба дараҷаи 4-ум мерасад, ҳаққи ройгон гирифтани кӯмаки палиотивиро доранд.

XS
SM
MD
LG