Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ ҳамоно ҳавасманди музокирот бо ИМА аст


Кореяи Шимолӣ гуфт, ки ҳамоно хоҳишманди барпо шудани мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп аст, ки ногаҳон музокироти ба рӯзи 12 июн барномарезишудааш бо Ким Чен Унро бекор кард. Трамп рӯзи 24 май Пхенянро дар “хашми фавқулодда ва душмании ошкоро” айбдор кард. Муовини вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ Ким Ке Гван рӯзи 25 май дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт, ки Пхенян ҳамоно омода аст, ки масоили эҷодшаванда бо Вашингтонро “дар ҳар фурсат ва бо ҳар гуна роҳ” баррасӣ кунад.

Гван гуфт, ки қарори Трамп “ғайримунтазира” ва “хеле таассуфовар” аст. Вай гуфт, бекор шудани ташкили музокирот баёнгари “амиқ будани таърихи адовати Кореяи Шимолӣ ва ИМА ва бо ҳамин сабаб зарурати ба таври сареъ ташкил кардани ҳамоиш ба хотири беҳбуди равобитро намоиш медиҳад”.

Трамп рӯзи 24 май бо ирсоли номае ба унвонии раҳбари Кореяи Шимолӣ ташкили музокиротро дар моҳи июн бекор кард ва гуфт, ки бори дигар Кореяи Шимолиро “як хатар” унвон кард.

XS
SM
MD
LG