Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷалол Саидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix Hohhot 2018), ки рӯзҳои 25-27-уми май дар шаҳри Ҳуҳҳоти Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа ширкати беш аз 360 варзишгар (мардону занон) аз 46 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар Гран-прии ҷудо дар Чин танҳо як варзишгар - Саидҷалол Саидов - намояндагӣ мекунад. Ӯ дар вазни зери 100 килограмм рӯзи якшанбеи 27-уми май дар даври аввал бо Л.А. Смит III аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат мешавад.

Рӯзи аввали мусобиқа - 25-уми май - занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи дувум - 26-уми май - барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи 27-уми май бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин мусобиқаи литсензионист, ки варзишгарон барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 имтиёзҳо ба даст меоранд. Барои медали тиллои мусобиқа ба ғолиб 700 имтиёз, барои медали нуқра 490 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, паҳлавонони маъруф Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ натавонистанд ба Чин сафар кунанд. Инчунин ба иллати набуди маблағ гуштигирони дигари тоҷик дар ин мусобиқа ширкат намеварзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG