Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Гран-при дар Осакаи Ҷопон чорум шуд


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи Гран-прии варзиши сабук (Seiko Golden Grand Prix) дар риштаи гурзандозӣ, ки рӯзи 20-уми май дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд, мақоми чорумро касб намуд.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” гурзро ба дурии 75 метру 01 сантиметр ҳаво дод.

Дар ин мусобиқаи байналмилалии гурзандозӣ дар Осака қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 78 метру 51 сантиметр ғолиб шуд. Бенсе Ҳалаз аз Маҷористон бо натиҷаи 77,24 метр ҷойи дувум ва Войсех Новитски аз Лаҳистон бо натиҷаи 76,66 метр ҷойи севумро азони худ карданд.

Дар мусобиқаи ниҳоӣ миёни мардон ёздаҳ нафар гурзандозони зӯртарини ҷаҳон ширкат доштанд, ки онҳо намояндагони ҳашт кишвар буданд. Ҷойҳои минбаъдаро варзишгарони зерин ишғол намуданд: 5.Сергей Маргиев (Молдова, 74,11). 6.Михаил Анастасакис (Юнон, 73,80). 7.Марсел Ломинский (Словакия, 72,90). 8.Каниҳиро Сумӣ (Ҷопон, 69,82). 9.Юдай Кимура (Ҷопон, 67,61). 10.Ник Миллер (Британияи Кабир, 66,55). 11.Рёта Кашимура (Ҷопон, 64,22).

Зимнан, рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа чор сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли 2016 дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

Дилшод Назаров соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гардид. Зимнан, ӯ бори чорум ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Мусобиқоти асосии имсола барои Дилшод Назаров Бозиҳои XVIII осиёист, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар Индонезия баргузор мешавад ва ба барномаи он, инчунин, варзиши сабук, минҷумла гурзандозӣ дохил аст.

XS
SM
MD
LG