Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шашуми "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар лигаи олӣ


Даври нӯҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 21-уми май бо бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба поён расид.

Ин бозӣ, ки дар майдони сунъии азнав таҷдидшудаи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” – бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро легионери беларусии душанбегиҳо Николай Зенко дар дақиқаи 12-ум ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври нӯҳум «Барқчӣ»-и Ҳисор «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи дар дақиқаи 72-юм задаи ҳимоятгар Ваҳдат Ханонов ба дастаи “Барқчӣ” дар мавсими имсола аввалин пирӯзӣ овард.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 10-ум ва Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 12-ум заданд.

Бозии марказии даври нӯҳум миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» бо ҳисоби мусовии 2:2 ба охир расид. Ду голи мизбононро Фирӯз Қараев дар дақиқаҳои 3-юм ва 64-ум ба ҳадаф расонд. Голҳои меҳмононро Шамсиддин Қосимов дар дақиқаи 37-ум ва Абдухалил Боронов дар дақиқаи 42-юм заданд.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” ва “Истиқлол”, ки дар мусобиқаи имсола ҳар кадом шаш пирӯзӣ ба даст оварданд, ҳоло дар ҷадвали мусобиқа бо 20-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо хуҷандиҳо мақоми аввал ва душанбегиҳо мақоми дувумро соҳиб шудаанд. Вале “Истиқлол” як бозӣ камтар кардааст. “Хатлон” бо 13 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.

Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи олиии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 24, 26 ва 27-уми май баргузор мешаванд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои пешсаф - «Хуҷанд» ва «Истиқлол» - рӯзи панҷшанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”–и шаҳри Хуҷанд соати 17:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 2:0

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 10 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 12 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Ҳикматулло Расулов («Хуҷанд»), Принс Артур, Муҳаммадшарифи Саидхуҷа («Кӯктош»).

Аз майдон хориҷ шуд: Маҳмадалӣ Содиқов («Кӯктош»), 79 – корти дуюми зард.

Бозигари беҳтарини дидор: Абдусамад Ҳоҷибоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Ваҳдат Ханонов, 72.

Огоҳонида шуданд: Султоншо Мирзоев, Шоҳрух Қирғизбоев, Оятулло Сафаров («Барқчӣ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Отабек Каримов («Хатлон»), 42 – корти дуюми зард.

Бозигари беҳтарини дидор: Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

19 май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:2

Голҳо: Фирӯз Қараев, 3 (1:0). Шамсиддин Қосимов, 37 (1:1). Абдухалил Боронов, 42 (1:2). Фирӯз Қараев, 64 (2:2).

Огоҳонида шуданд: Саидхони Амрохон, Фирӯз Раҳматов, Сироҷиддин Аллаев, Сафаралӣ Каримов («Регар-ТадАЗ»), Зоир Ҷӯрабоев, Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

20 май. Турсунзодае. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Николай Зенко, 12.

Огоҳонида шуданд: Сергей Тихоновский, Муҳаммадҷон Раҳимов, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ҳасан Холов, Сорбон Авғонов («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

21 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

6

2

1

17-7

20

2

«Истиқлол» (Душанбе)

8

6

2

0

14-6

20

3

«Хатлон» (Бохтар)

9

4

1

4

11-10

13

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

9

3

3

3

9-12

12

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

2

5

1

12-13

11

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

2

3

4

12-13

9

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

9

1

3

4

5-12

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

9

1

1

7

4-11

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.

Даври 10-ум

24 май (панҷшанбе)

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

26 май (шанбе)

«Кӯктош» – «Хатлон»

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

ССКА «Помир» – «Барқчӣ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

27 май (якшанбе)

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

Оғози бозиҳосоати 17:00

XS
SM
MD
LG