Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Нисбати Эрон "шадидтарин таҳримҳо" ҷорӣ мешавад


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА гуфт, ки Вашингтон нисбати Эрон “шадидтарин таҳримҳоро дар таърих ҷорӣ мекунад, ки бояд ба таври пурра ба иҷро дарояд”. Вай гуфт, ки ин таҳримҳо “агар режими Эрон тағйир наёбад, ин дардноктарин таҳрим хоҳад буд”.

Ин нуктаро Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 21 май дар амри муаррифии стратегияи нави ИМА дар нисбати Эрон баён кард. Дар нахустин суханронии худ баъди ба ин мақом таъин шуданаш Помпео дар бунёди «Мерос»-и воқеъ дар Вашингтон (Heritage Foundation in Washington) суханронӣ кард ва ин ду ҳафта баъди эълони президент Трамп дар бораи аз созиши ҳастаӣ берун шудани Эрон садо дод.

Созиши ҳастаӣ бо Эронро соли 2015 Чин, Русия, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА имзо карданд.

Ҳадафи созиш ин буд, ки Эрон ҳамаи фаъолиятҳои барномаи ҳастаиро қатъ ва ғарб аксари кулли таҳримҳои иқтисодии ҷорикардаашро болои ин кишвар бекор мекунад. Вале президент Доналд Трамп рӯзи 8 май гуфт, ки кишвараш аз ин созиш берун мешавад ва дубора таҳримҳои шадидтаре болои Эрон таҳмил мекунад.

Видеоҳои охирин

"Роҳ мегардам, тоқат мекунам"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG