Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Испания медали биринҷӣ гирифт


Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 19-20-уми май дар шаҳри Корунаи Испания баргузор шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 килограмм дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Адам Будзовский аз Ҷумҳурии Чех пирӯз шуд. Сипас бар гуштигири испаниягӣ Ҷавиер Кабелло Ортиз ғолиб омад. Вале ӯ баъдан аз Дин Яков Гемери исроилӣ шикаст хӯрд. Сипас ӯ Эту Ҳейноненро аз Финляндия ва Андреа Спикуглияро аз Италия мағлуб кард. Сомон дар мубориза барои ҷойи севум бар Орон Гинер аз Исроил дастболо шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо, ки бо ширкати 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 кишвар доир шуд, танҳо гуштигире буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 23 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Олмон бо касби 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми дувум, Фаронса бо касби 2 медали тилло ва 3 биринҷӣ дар мақоми севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ мақоми 12-умро касб намуд.

Ёдовар мешавем, моҳи марти имсол Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола (Junior European Judo Cup Coimbra 2018), ки дар шаҳри Коимбраи Португалия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия, Португалия, Ҳолланд ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Алессандро Магнании итолиёвиро мағлуб кард. Вале Маҳмадбеков дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ёҳонатан Елбаз аз Исроил шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Озарбойҷон, аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро касб намуд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG