Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси бори панҷум барандаи "Бутсии тиллоӣ" шуд


Лионел Месси, ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания, ҳамчун нишонзани беҳтарини мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоӣ бо ҷоизаи “Бутсии тиллоӣ” мукофотонида мешавад. Дар ин бора дар микроблоги бошгоҳи футболи Каталония дар Тwitter хабар дода шудааст.

Соҳиби ҷоизаи «Бутсии тиллоӣ» аз рӯи шумораи тӯбҳои задашуда муайян карда мешавад. Дар мавсими 2017/18 Месси дар 36 бозии қаҳрамонии футболи Испания 34 гол зада, беҳтарин нишонзан гардидааст.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоӣ Муҳаммад Салоҳ аз «Ливерпул»-и Англия бо 32 гол мақоми дувум ва Ҳарри Кейн аз «Тоттенҳэм»-и Англия бо 30 гол мақоми севумро ишғол карданд.

Пештар Месси ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоиро дар солҳои 2010, 2012, 2013 ва 2017 ба даст овардааст. Ба ин тартиб, Мессии аргентинӣ рекорд гузошт ва аз Криштиану Роналдуи португолӣ аз «Реал»-и Мадрид, ки чор бор барандаи «Бутсии тиллоӣ» шудааст, пеш гузашт.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG