Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамла ба калисои Грознийро ба зимма гирифт


Гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) масъулияти ҳамла ба калисои православҳоро дар шаҳри Грознийи Чеченистон бар зимма гирифт. Дар ин бора 20-уми май гуруҳи мустақили нозирони SITE Intelligence Group иттилоъ дод.

Дар бораи сабабҳои расмии ҳамла ба калисои Грозний чизе гуфта намешавад. Кумитаи тафтишотии Русия роҷеъ ба ин ҳамла бо банди сӯиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда боз кардааст.

Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров гуфт, шахсияти ҳамлагарон муайян карда шудааст. "Ду нафари онҳо сокинони деҳаи Гелдаган буда, як нафари дигарашон аз деҳаи Аргун, дар наздикии Грозний ҳаст. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Чеченистон, раҳбари гурӯҳ зода ва сокини яке аз минтақаҳои ҳамсоя аст", - навишт Қодиров дар Telegram.

Ин чаҳор нафар талош карданд, 19-уми май дар калисои Грозний сокинонро ба гарав бигиранд. Дар натиҷаи ҳамла ду корманди пулис ва як сокини осоишта кушта шуданд. Ҳамлагаронро кормандони пулис парронданд.

XS
SM
MD
LG