Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом дастаҳо ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд?


Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд. Ба 1/8 финал дастаҳои лигаи аввал - «Исфара», «Ваҳдат», «Душанбе-83», «Сомон», «Истаравшан», «Саройкамар» ва намояндаи лигаи дуюм – «Файзканд» – роҳ ёфтанд.

Дар ду бозии ҷавобии марҳилаи пешакӣ мизбонон ғолиб шуданд. «Душанбе-83»-и Душанбе бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби 4:0 ва «Сомон»-и Данғара» бар «Шоҳин»-и Муъминобод бо ҳисоби 6:2 ғалаба карданд.

Дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд. «Исфара»-и шаҳри Исфара бар «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 ва «Файзканд»-и Восеъ бар «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 3:1 пирӯз гаштанд.

Ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бозиро дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, «Саройкамар»-и Панҷ бар тими мизбон - «Ҳулбук»-и Восеъ - бо натиҷаи техникии 3:0 ғолиб дониста шуда буд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Исфара», «Ваҳдат», «Душанбе-83», «Сомон», «Истаравшан», «Саройкамар» ва «Файзканд» роҳ ёфтанд.

Ба ин ҳафт даста дар 1/8 финал ҳашт тими лигаи олӣ мепайвандад. Инчунин намояндаи лигаи аввал - «Локомотив-Помир»-и Душанбе, ки таркиби онро аслан бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, аз марҳилаи пешакӣ озод буд ва ба мубориза аз марҳилаи ҳаштякниҳоӣ шуруъ мекунад.

Қуръкашии марҳилаҳои асосии Ҷоми Тоҷикистон дертар доир хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

«Парвоз» – «ИСФАРА» – 2:3

Голҳо: Воситов, 10 (0:1). Нодирбек Мамиров, 19 (1:1). Ҳусейнхон Ҷалолов, 32 (2:1). Хушбахт Назиров, 53 (2:2). Хушбахт Назиров, 55 (3:2).

17 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 100 тамошобин.

Бозии аввал – 3:3.

«ВАҲДАТ» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Тоҳири Баҳром, 51 – аз пеналтӣ (0:1). Амир Меъморӣ, 59 (1:1).

17 май. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Ваҳдат». 2000 тамошобин.

Бозии аввал – 3:0.

«ДУШАНБЕ-83» – «Дӯстӣ» – 4:0

Голҳо: Калеб Авуку, 7 (1:0). Акрамҷон Қурбонов, 27 (2:0). Коллинс Адухене, 41 (3:0). Элчибек Рашидбеков, 88 (4:0).

17 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

«СОМОН» – «Шоҳин» – 6:2

Голҳо: Бахтовар Наҷмиддинов, 2 (1:0). Бахтовар Наҷмиддинов, 7 (2:0). Тоҷиддин Шамсов, 18 (2:1). Бахтовар Наҷмиддинов, 24 – аз пеналтӣ (3:1). Шаҳбоз Кароматов, 57 (4:1). Шароф Саидов, 71 (5:1). Ғолиб Абдураҳмонов, 76 (6:1). Азизбек Раҷабалиев, 88 – аз пеналтӣ (6:2).

17 май. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

«Эсхата» – «ИСТАРАВШАН» – 1:1

Голҳо: Рустам Сабуров, 19 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 71 (1:1).

18 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.

Бозии аввал – 1:2.

«Зарафшон» – «ФАЙЗКАНД» – 1:3

Голҳо: Зарҳалшо Акрамов, 9 (0:1). Умедҷон Маҳмудов, 35 (0:2). Хушнуд Ҳукматов, 51 (0:3). Довуд Ашӯров, 60 (1:3).

18 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Бозии аввал – 2:3

XS
SM
MD
LG