Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Федератсиони тенниси Тоҷикистон (Tajikistan Tennis Federation Cup) дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии Анастасия Турсунова, теннисбози тоҷик, ба поён расид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсиони тенниси Тоҷикистон рӯзи 20-уми май хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, Анастасия Турсунова дар мусобиқаи мазкур, ки ба дараҷаи 5-уми ITF (Федератсиони байналмилалии теннис) дохил аст, нахуст бар Линелли Эн Тонг Лим аз Сингапур (5:7, 6:3, 6:3) ғолиб омад. Баъдан ӯ дар чорякфинал бар Ириса Турсунова аз Узбекистон (6:1, 6:1) пирӯз шуд, дар даври ниманиҳоӣ Дана Шокироваро аз Русия (7:6, 6:1) мағлуб карда, ба финал баромад. Теннисбози шумораи аввали Тоҷикистон Анастасия Турсунова дар қувваозмоии ниҳоӣ Алёна Кубановаро аз Русия (6:2, 7:5) шикаст дод.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон варзишгарони русиягӣ Алёна Кубанова/София Шаронова бар ҳамватанҳои худ Анна Григорьева/Арина Гумерова (6:3,6:2) пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон Марк Трякшин аз Узбекистон ғолиб омад. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Никита Ланини русиягӣ (6:4, 1:6, 6:3) пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, пеш аз ин дар шаҳри Душанбе, дар майдони тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” оид ба теннис миёни наврасони то 18-сола доир шуда буд, ки бо пирӯзии теннисбозони Узбекистон ва Русия ба поён расид.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон Марк Трякшин ва миёни духтарон Севил Юлдошева (ҳарду аз Узбекистон), дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон варзишгарон аз Русия Алёна Кубанова/София Шаронова, дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни писарон теннисбозони русиягӣ Никита Ланин/Денис Илюхин ғолиб шуданд.
Ба иттилои Федератсиони тенниси Тоҷикистон, дар ду мусобиқаи байналмилалӣ “Tajikistan Open” ва “Tajikistan Tennis Federation Cup”, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, беш аз 210 теннисбози то 18-сола аз 36 кишвар ширкат дошт.
Бояд гуфт, ки ин намуди олимпии варзиш дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва хоҳишмандони бозии теннис сол то сол зиёд мешаванд. Зимнан, ҳоло дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд меёбад, ки дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, ҳафт майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Майдону майдончаҳои теннис ҳам барои омӯзиши ин намуди олимпӣ ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.