Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дави миллӣ ва веломарафон доир шуд


Дар дави миллӣ дар Тоҷикистон, ки имрӯз, 20-уми май, дар саросари ҷумҳурӣ барпо гардид, беш аз 430 ҳазор нафар одамони сину сол ва касбу корашон мухталиф ширкат карданд. Дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд.

Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дави миллӣ дар пойтахти кишвар, ки аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз ёфт, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ идома кард ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом расид.

Дар дави миллӣ дар Душанбе беш аз 45 ҳазор афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат варзиданд. Дар пойга миёни мардон ба масофаи 10 километр Меҳрубон Шамсиддинов, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ғолиб шуд. Ин масофаро миёни занон аввалин шуда Салима Боронова аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон тай намуд.

Инчунин бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ доир шуд, ки дар он беш аз 13 ҳазор нафар иштирок карданд. Чунончи, дар веломарафон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 дучархарон ширкат дошт.

Марафони велосипедронӣ низ дар шаҳри Душанбе субҳи 20-уми май аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ шурӯъ шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ идома ёфт ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба поён расид. Дар пойгаи велосипедронӣ ба масофаи 10 километр байни мардон Маҳмудҷон Азизов ва миёни занон Анасултон Амонова пирӯз шуданд.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар манотиқи мухталифи кишвар тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукот супурда шуд.

Бояд гуфт, ки дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2006 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавияти он миёни аҳолӣ доир мегардад.

XS
SM
MD
LG