Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ, Чин ва Малайзия – рақибони мунтахаби Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки дар Индонезия баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат мекунад.

Дар тамоми таърихи худ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад.

Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 18-уми май дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта - доир гардид, маълум шуданд.

Мусобиқаи 40-уми қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия бо ширкати 16 даста баргузор мешавад. Дар ҷараёни қуръакашӣ чор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд. Дар мавриди аз гурӯҳ баромадан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.

Зимнан, дар тамоми таърихи худ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё солҳои 2006, 2008 ва 2016 иштирок карда буданд. Дастоварди беҳтарини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё дар соли 2016 дар Баҳрайн мебошад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони то 19-сола:

Гурӯҳи «А»: Индонезия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Ироқ, Тайланд, Кореяи Шимолӣ.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Чин, Малайзия.

Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё низ рӯзи 18-уми май маълум шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев нахустин бозиашро 20-уми октябр бо дастаи Чин анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 23-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Малайзия вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 26-уми октябр бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Ҳарсе бозӣ бо ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Осиё-2018 дар шаҳри Бекаси дар варзишгоҳи «Патриот», ки барои тамошобинон 30 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир мешавад.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19)

Даври 1-ум

18 октябр (панҷшанбе)

16:00 – Иморот – Қатар. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19:00 – Индонезия –Тайбэйи Чин. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19 октябр (ҷумъа)

16:00 – Ироқ – Тайланд. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

16:00 – Ветнам – Урдун. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Ҷопон – Кореяи Шимолӣ. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

19:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Австралия. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

20 октябр (шанбе)

16:00 – Арабистони Саудӣ – Малайзия. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Тоҷикистон – Чин. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Даври 2-юм

21 октябр (якшанбе)

16:00 – Тайбэйи Чин – Иморот. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19:00 – Қатар – Индонезия. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

22 октябр (душанбе)

16:00 – Кореяи Шимолӣ – Ироқ. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

16:00 – Австралия – Ветнам. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Тайланд – Ҷопон. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

19:00 – Урдун – Кореяи Ҷанубӣ. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

23 октябр (сешанбе)

16:00 – Чин – Арабистони Саудӣ. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Малайзия – Тоҷикистон. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Даври 3-юм

24 октябр (чоршанбе)

19:00 – Индонезия – Иморот. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19:00 – Қатар – Тайбэйи Чин. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

25 октябр (панҷшанбе)

16:00 – Ҷопон – Ироқ. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

16:00 – Тайланд – Кореяи Шимолӣ. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Австралия – Урдун. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

26 октябр (ҷумъа)

19:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:00 – Чин – Малайзия. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

Чорякфинал

28 октябр (якшанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19:30 – 1 «В» – 2 «А». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

29 октябр (душанбе)

16:00 – 1 «С» – 2 «D». Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

19:30 – 1 «D» – 2 «С». Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Нимфинал

1 ноябр (панҷшанбе)

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» – Ғолиби 1 «С»/2 «D». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19:30 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» – Ғолиби 1 «D»/2 «С». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

Финал

4 ноябр (якшанбе)

19:30 – Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

XS
SM
MD
LG