Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон 20-уми май доир мешавад


Дар Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон, ки якшанбеи 20-уми май барпо мегардад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои мухталиф медаванд.

Дави миллӣ, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сурат мегирад, бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ доир мешавад.

Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дави миллӣ дар пойтахти кишвар субҳи якшанбе аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ шурӯъ шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ идома меёбад ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом мерасад.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли дави миллӣ дар манотиқи мухталифи кишвар тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукот супурда мешавад.

Инчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон рӯзи шанбеи 19-уми май соати 9:00 дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG